Бохти Давлаталӣ Назаралиев дар рӯзи аввали Гран-при Тел-Авив

Дар аввалин рӯзи мусобиқаҳои ҷудои Гран Прии Тел -Авив дар кишвари Исроил Давлаталӣ Назаралиев ҷудокори тоҷик дар вазни 60 килограмм дар  даври аввал озод буда дар даври дуюми рақобатҳо бо Қирғизбоев Гусман аз Қазоқистон неру санҷид. Дар оғоз варзишгари тоҷик фаолтар буда, ҳарифи қазоқаш як танбеҳ дарёфт кард. Аммо дар нимаҳои вақти рақобат Қирғизбоев Гусман тавонист бо имтиёзи иппон варзишгари тоҷикро шикаст диҳад. Ёдовар мешавем Қирғизбоев Гусман варзишгари ботаҷриба буда ғолиби Гранд Слами Абу-Даби дар соли 2019 мебошад. Ҳамин тавр Давлаталӣ Назаралиев аз идомаи рақобат дар Гран-прии Тел-Авив маҳрум шуда шаш варзишгари дигари тоҷик дар рӯзҳои баъдӣ ба майдон хоҳанд баромад.