Ҳайати ҷудочиёни тоҷик барои иштирок дар Kazan Grand Slam 2021

Ҷудочиёни тоҷик дар мусобиқаи Kazan Grand Slam 2021, ки рӯзҳои 5-7 май дар шаҳри Қазони Тотористони Русия баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур ҳафт ҷудокор намояндагӣ мекунад.

Ҳайати мунтахаб:
Вазн:Иштирокчӣ:
-60kgАбумуслим ҚАЮМЗОДА
-60kg
Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ
-66kgАлиҷон САФАРАЛИЕВ
-66kg
Баҳром СУФИЕВ
-73kg
Сомон МАҲМАДБЕКОВ
-81kg
Акмал МУРОДОВ
-90kg
Комроншоҳ УСТОПИРИЁН

Тақвими рақобатҳо:
Рӯзи якум (5-уми май):
Занон: -48, -52, -57kg;    Мардон: -60, -66kg

Рӯзи дуюм (6-юми май):
Занон: -63, -70kg;   Мардон: -73, -81kg

Рӯзи сеюм (7-юми май):
Занон: -78, +78kg;   Мардон: -90, -100, +100kg

•    Варзишгарон имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал - 1000 имтиёз, дуюм - 700 имтиёз ва сеюм - 500 имтиёз дода мешавад.

•    Ин охирин  мусобиқаи Гранд Слэм қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 аст.

•    Дар мусобиқа иштироки 426 варзишгар аз 84 давлат дар назар аст.