Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи аввали Kazan Grand Slam 2021

Дар шаҳри Қазони Русия мусобиқаи бонуфузи Kazan Grand Slam ҷараён дорад. Дар нахустин рӯзи мусобиқа Тоҷикистонро 4 нафар ҷудочӣ намояндагӣ карданд.

Абумуслим ҚАЮМЗОДА (-60кг) дар даври аввал аз ҷудокори пуртаҷрибаи мизбон -  Роберт МШВИДОБАДЗЕ таслим шуд.

Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ (-60кг) дар даври якум бо дарёфти се «шидо» аз варзишгари Португалия - Родриго Коста ЛОПЕС шикаст хурд.

Алиҷон САФАРАЛИЕВ (-66кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз довар се танбеҳ дарёфт кард ва ҳамин тариқ рақобатро ба Есет КУАНОВи қазоқ бохт.


Натиҷаҳои ниҳоӣ (-60кг):
1. CHKHVIMIANI, Lukhumi (GEO)
2. MSHVIDOBADZE, Robert (RUS)
3. ABDULAEV, Ramazan (RUS)
3. SYUKENOV, Dauren (KAZ)
5. BLIEV, Ayub (RUS)
5. PULKRABEK, David (CZE)
7. LUTFILLAEV, Sharafuddin (UZB)
7. PLAFKY, Moritz (GER)


Баҳром СУФИЕВ (-66кг) низ қувваозмоиро аз даври дуюм оғоз намуд. Рақиби Баҳром - Айюб ЭЛИДРИСИ аз кишвари Қатар ба хотири камфаолӣ се «шидо» гирифт ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.

Мутаассифона, Баҳром дар даври сеюм аз ҷудочии мизбон Арам ГРИГОРЯН бо се «шидо» мағлуб шуд.


Натиҷаҳои ниҳоӣ (-66кг):
1. CHOPANOV, Murad (RUS) 
2. MINKOU, Dzmitry (BLR) 
3. KUANOV, Yesset (KAZ) 
3. SHAMILOV, Yakub (RUS) 
5. GRIGORYAN, Aram (RUS) 
5. NINIASHVILI, Bagrati (GEO) 
7. ABDULZHALILOV, Abdula (RUS) 
7. HUSEYNOV, Elchin (AZE) 

Ҳамин тариқ, рӯзи якуми мусобиқа барои варзишгарони тоҷик бебарор анҷом ёфт.

Фардо, дар рӯзи дуюми мусобиқа Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг) ва Акмал МУРОДОВ (-81кг) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.