Амалишавии лоиҳаи «Дзюдо дар мактабҳо» дар шаҳри Ваҳдат

Толори варзишии МТМУ № 8 воқеъ дар шаҳракаи Наврӯзи ҷамоати Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат қабои идона ба бар карда буд. Зеро лоиҳаи “Ҷудо дар мактабҳо”  ба ин даргоҳ меҳмонони зиёдеро аз ҷумла, собиқ гӯштингири маъруфи кишвар ва раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикисотон Нурулло Лоиқов, инчунин роҳбарияти шаҳри Ваҳадат ва дигар мураббиёну меҳмононро ба ҳам овард. Ҳадаф аз ҷамъомади мазкур ин дар заминаи толори варзишии Муассисаи МТМУ № 8-и шаҳр таъсиси як мактаби хурди гӯштини ҷудо барои соконони шаҳраки Наврӯз мебошад.

Тавре таъкид рафт лоиҳаи “Ҷудо дар мактабҳо” дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо Федератсияи байналмилаллӣ ва Кумитаи миллии олимпию дигар ниҳодҳои соҳаи варзишу маъориф рӯи даст гирифта шудааст, ки ҳадаф аз он омавияти варзиш ба вижа ҷудо дар миёни аҳолӣ маҳсуб мешавад.  Аз ҳама бештар кӯдакони шаҳрак аз таъмини гилеми гӯштингирӣ, либосҳои варзишӣ ва таъини мураббии махсуси ин риштаи варзиш хурсанду сарфарозанд.

Ба иттилои роҳбарияти Федератсияи ҷудои кишвар лоиҳаи “Ҷудо дар мактабҳо” дар 10 шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз зумра дар дурдастарин шаҳраку ҷамоатҳо тадбиқ карда мешаванд то кӯдакаону наврасони кишвар нвобаста аз макони зисти худ ба таълими ҷудо дастрасӣ дошта бошанд.