Нишони нуқраи Сунатулло ЛОИҚОВ дар Ҷоми Осиё миёни ҷавонон

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон Ҷоми Осиё-2021 миёни ҷавонон (Junior Asian Judo Cup Almaty 2021) ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқа, ки тайи се рӯз (14-16 май) дар Маҷмааи варзишии ба номи Балуан Шолак идома дошт, 159 варзишгар аз 4 кишвари Осиё ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 6 нафар ҷудочӣ намояндагӣ карданд.


Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ (-60кг) дар даври аввал дар «голден-скор» рақобатро ба варзишгари мизбон  - Олжас ЕРЕНГАЙБОВ бо баҳогузории «иппон» бохт.

Final Results (-60kg):
1.Sherzod Davlatov (KAZ)
2.Abylay Mussakhanov (KAZ)
3.Nurdaulet Amankossov (KAZ)
3.Nurmukhamet Botabay (KAZ)


Қурбоналӣ БОЗОРОВ (-73кг) дар даври якум аз Нурсалим ИЛИЧБЕК (Қирғизистон) шикаст хӯрд.

Ғаниҷон ҒАНИЕВ (-73кг) дар нахустин рақобаташ бар ҷудочии қирғиз – Мурат КАРИМОВ пирӯз гашт, вале дар чорякниҳоӣ аз ҷудокори қазоқ – Ержанат УАЛИ ноком шуд.
Final Results (-73kg):
1. YESTAY, Serikbol (KAZ)
2. NAZAROV, Jaykhunbek (UZB)
3. UALI, Yerzhanat (KAZ)
3. DUISENOV, Bexultan (KAZ)


Сунатулло ЛОИҚОВ (-81кг) рақобатро дар даври аввал муқобили ҷудокори мизбон - Бекзат ТАУГАЛИЕВ оғоз кард.  Дар сонияҳои аввали қувваозмоӣ ҷудокори тоҷик бо иҷрои «оучи гари» имтиёзи «ваза-ари» ба даст овард ва онро то охир ҳифз намуд. Ҳамин тариқ Сунатулло ғолиби ин рақобат гашт ва ба чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Sunatullo LOIQOV (TJK)
Round 1. Sunatullo LOIQOV (TJK) vs Bekzat TAYAUGALIYAEV (KAZ)

Дар даври чорякниҳоӣ боз ҳам бар варзишгари мизбон, ин навбат – Батирхан САКЕНОВ, бо истифода аз шеваи «масутэми вадза» ва иҷрои усули зебои «ура нагэ» пирӯз гашт.
Quarter-Final. Sunatullo LOIQOV (TJK) vs Batyrkhan SAKENOV (KAZ)

Дар ниманиҳоӣ ҷудочии кишвари Қирғизистон – Абдулло ҶАЛОЛИДДИНОВро бо «иппон» мағлуб кард ва ба даври ниҳоии мусобиқот баромад.

Мутаассифона, дар мубориза барои нишони тиллои мусобиқа, аз Чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2019, ҷудокори пуртаҷрибаи мизбон - Аян БАЙГАЗИ шикаст хӯрд ва барандаи медали нуқра гардид.
Final Results (-81kg):
1. BAIGAZY, Ayan (KAZ)
2. LOIQOV, Sunatullo (TJK)
3. NEPLYUYEV, Viktor (KAZ)
3. SAKENOV, Batyrkhan (KAZ)


Ҳайдаралӣ ШОЕВ (-90кг) ва Эмомризо АНВАРЗОДА (-100кг) дар нахустин рақобатҳояшон аз ҷудокорони мизбон – Мирас БАКТИБАЙ ва Журкамирза ШУКУРБЕКОВ мағлуб шуданд.