Истиқболи Сунатулло Лоиқов дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе

Паҳлавони умедбахши тоҷик - Сунатулло Лоиқов, ки чанде пеш дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон барандаи медали нуқра гардида буд, имрӯз ба Ватан баргашт.

Дастовардҳои варзишгарони кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ рӯз аз рӯз афзун мешавад. Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе макони истиқболгирии боз як парчамбардори меҳан гардид. Ҷудокори ҷавони тоҷик Сунатулло Лоиқов баъди ба даст овардани медали нуқра дар Ҷоми Осиё-2021 миёни ҷавонон ба Ватан баргашт. Ӯро дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе масъулини соҳаи варзиш, хешону наздикон ва ҳаводорони зиёди гӯштини ҷудо гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзҳои 14-16-уми май соли равон дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи Ҷоми Осиё-2021 миёни ҷавонон бо иштироки 159 варзишгар аз кишварҳои қораи Осиё баргузор шуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ дар ҳайати 6 нафар варзишгар иштирок кард.
Дар ин мусобиқаи бонуфӯз ба Сунатулло Лоиқов, ки дар вазни -81кг баромад мекунад, муяссар шуд, ки соҳиби нишони нуқра шавад.

Феълан Сунатулло Лоиқов таҳти роҳбарии мураббӣ Рауф Ҳукуматов дар толори Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб тамрин мекунад.

Барои Сунатулло Лоиқов ин аввалин медали нуқра аз Ҷоми Осиё миёни ҷавонон маҳсуб мешавад.