Ҳузури ҷудочиёни кишвар дар мулоқот бо Пешвои Миллат

Ҳамасола 23-юми моҳи май Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад. Ба ҳамин муносибат мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон дар Кохи Борбад доир шуд.

Дар ин мулоқот дар баробари дигар ҷавонон ҳамчунин ҷудокорони маъруфи кишвар Темур Раҳимов, Саидҷалол Саидов, Акмал Муродов, Беҳрӯз Хоҷазода ва Шаҳбоз Саидабуроров иштирок доштанд, ки мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон мегарданд.

Ҷудочиён дар канори дигар ҷавонони варзишгар на танҳо ояндаи миллат, балки муаррифгарони миллат низ ҳастанд, зеро парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ парафшон мекунанд.

Онҳо бо ҳузур дар ин мулоқот як бори дигар пойбандии худро  дар  иҷрои вазифаи фарзандии хеш ҷиҳати созандагӣ, шукуфоӣ ва муаррифии арзандаи Ватан  нишон доданд.