Охирин сарҳад

Агар осон мебуд, ҳама метавонистанд онро ба даст оваранд. Агар осон мебуд, эътибор ё шаҳомате намедошт. Қаҳрамони ҷаҳон будан чизе дигар аст. Қаҳрамони ҷаҳон будан подош барои устуворӣ ва пойдорӣ мебошаду дар замони пандемия ва бо наздик шудани Бозиҳои олимпӣ  шуҷоатмандӣ  аст. Мақом ва ҷойгоҳе, ки бисёриҳо орзу мекунанд, аммо теъдоди бисёр кам ба он ноил мешаванд.

2019c., Ҷопон, Токио. Чемпионати ҷаҳон. -73кг. Беҳрӯз Хоҷазода қабл аз мубориза барои нишони биринҷӣ.

Вақте, ки чанд сол пеш аз Зинедин Зидан муқоисаи пирӯзӣ дар Лигаи Қаҳрамонҳо нисбат ба чемпионати дохилиро пурсон шуданд, ин нобиғаи фаронсавӣ гуфт:

Фатҳи чемпионати миллӣ душвортар аст, зеро тӯли даҳ моҳ ҳар ҳафта дар рақобат ҳастӣ ва дар ниҳоят беҳтарин ғолиб мешавад, ки нишонгари устувории он тим аст.

Ҳаминро метавон дар бораи Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо ҳам гуфт. Он ҳар сол ҳамчун авҷи аълои мавсим дониста мешавад. Шояд бархеҳо гӯянд, ин авҷ ҳамон рӯзи рақобат  аст. Аммо дар ҷудо ҳама рӯз - рӯзи рақобат аст. Ончи Қаҳрамонии ҷаҳонро душвор мекунад такрори солонаи он мебошад ва мусобиқаи фарқкунандае аст, бинобар ҳамин беҳтаринҳо дар ин чорабинӣ иштирок мекунанд.


Афзун бар нишони тилло ва ҷоизаи пулӣ чизи дигаре низ ҳаст, ки ин унвонро фарқкунанда ва махсус мекунад: ранги сурх. 

Қаҳрамони ҷаҳон ҳақ дорад, ки тамоми сол бо номи сурх рангкардашуда ба майдони рақобат барояд. Ин фарқият, чизе монанди унвони олӣ ё нишони касонест, ки  беҳтар аз ҳама буданд. Ин нишон танҳо дар замони Бозиҳои олимпӣ нопадид мешавад, зеро ба ҳангоми иштирок ҳамаи варзишгарон либоси яксон ва бидуни фарқият мепӯшанд, вале дертар ин нишони махсус дубора падид меояд.

2021c., Венгрия, Будапешт. Намоиши нурӣ. Акси асосгузори ҷудо - Дзигаро Кано дар деворҳои Майдони Қаҳрамонон (Hősök Tere).

Рӯзи 6 июни соли 1946 бузургтарин фурудоии таърихӣ  ба соҳил сурат гирифт. Имсол дар ҳамин рӯз беҳтарин варзишгарон ба соҳили Будапешт фуруд меоянд, то барои касби ин унвони деринтизор мубориза кунанд. Ин кишвар охирин сарҳад ва охирин роҳи пурмонеа хоҳад буд, ки бо ҳадафи рафатан ба тарафи дигари курраи замин тай мешавад. 

Будапешт танҳо ҷои ҷамъ омадани беҳтаринҳо нест, балки барои онҳое, ки орзуи Бозиҳои олимпиро то ҳол дар дил мепарваранд, охирин фурсат маҳсуб мешавад. Мақоми ҷаҳонӣ ҳамчун кӯҳе аз имтиёзҳои интихобӣ (олимпӣ) аст, ки метавонад тағйироти зиёде эҷод кунад.
Тошканд Гран-при 2019. -81кг. Акмал Муродов дар муқобили Франк Де Вит (Ҳолланд)

Ғолибият дар Будапешт 2000 имтиёз дорад.  Барои он касе, ки ба онҳо эҳтиёҷ дорад ё мехоҳад дар раддабандии ҷаҳонӣ боло равад то роҳхати олимпӣ касб намояд, Қаҳрамонии ҷаҳон бахтнома ва имконияти беназир ва такрорнашаванда аст, зеро дар замонҳои муқаррарӣ ҳамзамон бо Бозиҳои олимпӣ дар як сол баргузор намешавад.

Ҳамин тавр имтиёзҳо, нишони тилло, пул , навиштаҳои маъруфи сурх ва роҳхати олимпӣ – ҳамааш бо ҳам як моҳ пеш аз сафар ба Токио дар миён гузошта мешавад. Бинобар ҳамин мо чизе бештар аз Қаҳрамонии ҷаҳон хоҳем дошт. Инҷо муборизаи стратегӣ ва охирин қаторе хоҳад буд, ки бисёриҳо мехоҳанд савор шаванд.
2021c., Венгрия, Будапешт. Майдони Қаҳрамонон (Hősök Tere). Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо – Мариус Визер бо мухлисон ва ташкилкунандагони чорабинӣ дар намоиши нурӣ бахшида ба оғози Қаҳрамонии ҷаҳон.

Қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапештро (6-13 июн) аз ҳамин ҳоло метавон ҳамоса, пирӯзии ҷудо бар Ковид, таваллуди насли нави қаҳрамонҳо ва муқаддимаи Бозиҳои Токио донист. То фуруд омадан ба охирин сарҳад ҳамагӣ як ҳафта боқӣ мондааст.

Сарчашма: IJF.org