Мариус Визер Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо боқӣ монд

Аввалин бор Конгресси Федератсияи байналмилалии ҷудо ба таври онлайн баргузор ва интихоби Президенти он сурат гирифт.
Мариус Визер бо ба даст овардани ҳамаи овозҳои интихобкунандагон бори дигар Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо интихоб шуд.


Дар ин онлайн-Конгресс Тоҷикистонро Президенти Федератсия - Нурулло Лоиқов ва ноиби аввали Президенти Федератсия - Парвиз Нориён намояндагӣ мекарданд.

Визер дар ин вазифа соли 2007 Юн Сон Пак аз Кореяи Ҷанубиро иваз карда буд.
Ёдовар мешавем  ӯ солҳои 1995 то 2001 президенти Федератсияи ҷудои Руминия ва сипас аз соли 2000 то 2007 Президенти Иттиҳодияи ҷудои Аврупо буд.