Ҳайати ҷудочиёни тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон 2021

Рӯзҳои 6-13-уми июн дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт Чемпионати ҷаҳон (World Judo Championships Seniors Hungary 2021) баргузор мешавад, ки дар он Тоҷикистонро 6 нафар ҷудочӣ намояндагӣ мекунад.

Сомон Маҳмадбеков бинобар сабаби осеб доштанаш, дар мусобиқаи мазкур иштирок нахоҳад кард. Шаҳбоз Саидабуроров, ки қаблан дар вазни -60КГ ҳунарнамоӣ мекард, ин навбад дар вазни -66КГ баромад мекунад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон:
-48КГ   Шукрона КАРЧИЕВА
-66КГ   Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ
-81КГ   Акмал МУРОДОВ
-90КГ   Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
-90КГ   Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
+100КГ Темур РАҲИМОВ

Бо иштирок дар ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ варзишгарон имкон доранд хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд.

Барномаи баргузории мусобиқа:

5-уми Июн | Шанбе Қуръакашӣ
Оғоз: 17:00

Рӯзи 1 | 6-уми Июн | Якшанбе
Оғоз: 
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -48kg
Мардон: -60kg

Рӯзи 2 | 7-уми Июн | Душанбе
Оғоз: 
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -52kg;
Мардон: -66kg

Рӯзи 3 | 8-уми Июн | Сешанбе
Оғоз: 
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -57kg
Мардон: -73kg

Рӯзи 4 | 9-уми Июн | Чоршанбе
Оғоз: 
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -63kg
Мардон: -81kg

Рӯзи 5 | 10-уми Июн | Панҷшанбе
Оғоз: 
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -70kg
Мардон: -90kg

Рӯзи 6 | 11-уми Июн | Ҷумъа
Оғоз: 
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -78kg
Мардон: -100kg

Рӯзи 7 | 12-уми Июн | Шанбе
Оғоз: 
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: +78kg
Мардон: +100kg

Рӯзи 8 | 13-уми Июн | Якшанбе
*Рақобатҳои даставӣ
Оғоз: 
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00

* Вақти Душанбе

* Вақти оғози марҳилаи муқаддамотӣ 5-уми июн, пас аз баргузории қуръакашӣ муайян хоҳад шуд.

* Пас аз хотима ёфтани рақобатҳои инфиродӣ, дар рӯзи охири Қаҳрамонӣ рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд. Вале  тими милии Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.


•    Дар мусобиқа иштироки 695 варзишгар (408 мард ва 287 зан) аз 129 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст.

•    Барои мақоми аввал - 2000 имтиёз, дуюм - 1400 имтиёз ва сеюм - 1000 имтиёз дода мешавад.

•    Ғолибону ҷоизадорони Қаҳрамонӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи якум 26 ҳазор евро (20800 евро - варзишгар ва 5200 евро - мураббӣ), барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор евро (12000 евро - варзишгар ва 3000 евро - мураббӣ), барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор евро (6400 евро - варзишгар ва 1600 евро - мураббӣ) муқаррар шудааст.