Рақибони ҷудочиёни тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон муайян шуданд


Дар Қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои 6-13-уми июн дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар шомил аст.

Имрӯз, 5-уми июн, дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт қуръакашии Чемпионати ҷаҳон  доир гардид, ки рақибони паҳлавонони тоҷик дар марҳилаи муқаддамотӣ муайян шуданд:

Рӯзи 1 | 6-уми Июн | Якшанбе
-48КГ | Даври 1 | Вакана КОГА (Ҷопон) vs Шукрона КАРЧИЕВА


Рӯзи 2 | 7-уми Июн | Душанбе
-66КГ | Даври 1 | Мурад ЧОПАНОВ (Русия) vs Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ


Рӯзи 4 | 9-уми Июн | Чоршанбе
-81КГ | Даври 2 | Алексиос НТАНАТСИДИС (Юнон) vs Акмал МУРОДОВ

Рӯзи 5 | 10-уми Июн | Панҷшанбе
-90КГ | Даври 1 | Адама Далекс МИНСТА ДИАРРА (Габбон) vs Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
-90КГ | Даври 1 | Ҷаҳонгир МАҶИДОВ vs Сирил ГРОССКЛАУС (Швейтсария)

Рӯзи 7 | 12-уми Июн | Шанбе
+100КГ | Даври 2 | Темур РАҲИМОВ vs Мачей САРНАТСКИЙ (Полша)



Барномаи баргузории мусобиқа:

Рӯзи 1 | 6-уми Июн | Якшанбе
Оғоз: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -48kg
Мардон: -60kg

Рӯзи 2 | 7-уми Июн | Душанбе
Оғоз: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -52kg;
Мардон: -66kg

Рӯзи 3 | 8-уми Июн | Сешанбе
Оғоз: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -57kg
Мардон: -73kg

Рӯзи 4 | 9-уми Июн | Чоршанбе
Оғоз: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -63kg
Мардон: -81kg

Рӯзи 5 | 10-уми Июн | Панҷшанбе
Оғоз: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -70kg
Мардон: -90kg

Рӯзи 6 | 11-уми Июн | Ҷумъа
Оғоз: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -78kg
Мардон: -100kg

Рӯзи 7 | 12-уми Июн | Шанбе
Оғоз: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: +78kg
Мардон: +100kg

Рӯзи 8 | 13-уми Июн | Якшанбе
*Рақобатҳои даставӣ
Оғоз: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00

* Вақти Душанбе

* Пас аз хотима ёфтани рақобатҳои инфиродӣ, дар рӯзи охири Қаҳрамонӣ рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд. Вале  тими милии Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.


•    Дар мусобиқа иштироки 669 варзишгар (390 мард ва 279 зан) аз 120 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст.

•    Барои мақоми аввал - 2000 имтиёз, дуюм - 1400 имтиёз ва сеюм - 1000 имтиёз дода мешавад.

•    Ғолибону ҷоизадорони Қаҳрамонӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи якум 26 ҳазор евро (20800 евро - варзишгар ва 5200 евро - мураббӣ), барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор евро (12000 евро - варзишгар ва 3000 евро - мураббӣ), барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор евро (6400 евро - варзишгар ва 1600 евро - мураббӣ) муқаррар шудааст.