Нокомии Шукрона Карчиева дар рӯзи аввали Қаҳрамонии ҷаҳон

Дар нахустин рӯзи Қаҳрамонии ҷаҳон (World Judo Championships Seniors Hungary 2021), ки дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт ҷараён дорад, Тоҷикистонро Шукрона КАРЧИЕВА (-48кг) муаррифӣ кард.
Дар даври аввал  Шукрона бо ҷудокорбонуи пурқуввати Ҷопон - Вакана КОГА ба рақобат пардохт. Мутаассифона дар сонияҳои аввали нерӯсанҷӣ, пас аз як ҳамлаи номуваффақи Шукрона, варзишгарбонуи Ҷопон тавонист рақобатро ба бахши «не-ваза» (кор дар замин) гузаронад ва бо иҷрои «осаекоми» ғолиби ин қувваозмоӣ гардад.


Final Results (-48kg)
1. TSUNODA, Natsumi (JPN)
2. KOGA, Wakana (JPN)
3. FIGUEROA, Julia (ESP)
3. MUNKHBAT, Urantsetseg (MGL)
5. KRASNIQI, Distria (KOS)
5. PERAFAN, Keisy (ARG)
7. BOUKLI, Shirine (FRA)
7. MARTINEZ ABELENDA, Laura (ESP)


Фардо, 7-уми июн, Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ дар вазни -66кг рӯи татами мебарояд. Рақиби ӯ дар даври аввал ҷудокори рус, ғолиби Гранд Слэм Казан 2021 – Мурад ЧОПАНОВ мебошад.