Қаҳрамонии ҷаҳон 2021: Акмал Муродов низ ноком шуд

Дар пойтахи Маҷористон – шаҳри Будапешт Қаҳрамонии ҷаҳон идома дорад. Дар рӯзи чоруми рақобатҳо Тоҷикистонро Акмал МУРОДОВ дар вазни -81кг муаррифӣ кард.

Акмал, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм муқобили ҷудокори Юнон - Алексиос НТАНАТСИДИС оғоз кард.  Ҷудокорон дар вақти асосӣ имтиёзе аз ҳамдигар касб накарданду Акмал ду танбеҳ дошт. Дар вақти ҷудошуда барои имтиёзи тиллоӣ, Акмал пас аз иҷрои номуваффақи усули «ура нагэ» ба ҳариф имкон дод, ки ӯро дар ҳолати «осаекоми» (беҳаракатӣ) нигоҳ дорад ва имтиёзи тиллоиро касб кунад.

 
Ҳамин тариқ, Чемпионати ҷаҳон барои Акмал бебарор анҷом ёфт.



Final Results (-81kg):
1. CASSE, Matthias (BEL)
2. GRIGALASHVILI, Tato (GEO)
3. DE WIT, Frank (NED)
3. EGUTIDZE, Anri (POR)
5. BOLTABOEV, Sharofiddin (UZB)
5. FUJIWARA, Sotaro (JPN)
7. CHOUCHI, Sami (BEL)
7. MOLLAEI, Saeid (MGL)


Дар рӯзи панҷуми мусобиқа – 10-уми июн, дар вазни -90кг Комроншоҳ УСТОПИРИЁН ва Ҷаҳонгир МАҶИДОВ баромад мекунанд.