Темур Раҳимов низ роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст овард
Паҳлавони сангинвазни тоҷик - Темур Раҳимов (+100кг) ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳ ёфт.
Ду пирӯзии Темур дар Қаҳрамонии ҷаҳон 2021, ки дар дар шаҳри Будапешти Маҷористон ҷараён дорад, боис шуд, ки ӯ мавқеъашро дар радабандии имётиздорони олимпӣ (IJF.org) беҳтар кунад ва ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мустақиман роҳхат гирад.
Дар феҳристи кунунии олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо нашр шудааст, Темур миёни 255 ҷудокори чаҳон, ки дар вазни +100кг баромад мекунанд, бо 3009 имтиёз дар мақоми 21-ум қарор дорад.
Зимнан, пас аз анҷоми Чемпионати ҷаҳон-2021, раддабандӣ иваз ва мавқеъияти Темур боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Қаблан Комроншоҳ Устопириён (-90кг) низ соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпӣ шуда буд. Ҳамчунин, Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев - ҳарду дар риштаи бокс ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (давидан ба масофаи 200м) Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо муаррифӣ хоҳанд кард.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад.