Шикасти Акмал дар даври дуюми Бозиҳои олимпии Токио-2020

Дар рӯзи чоруми мусобиқаи ҷудои Бозиҳои олимпии Токио-2020 Тоҷикистонро Акмал МУРОДОВ дар вазни -81КГ муаррифӣ кард.

Акмал дар даври аввал ҷудокори кишвари Гуам - Ҷоштер ЭНДРЮро, бо ду «ваза-ари» (суми гаеши ва коучи гари) шикаст дод, аммо дар даври дуюм аз паҳлавони машҳури сайёра – Тато ГРИГАЛАШВИЛИи гурҷӣ шикаст хурд (ҷуҷи гатамэ)  ва аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.


Final Results
1 NAGASE Takanori (JPN)
2 MOLLAEI Saeid (MGL)
3 BORCHASHVILI Shamil (AUT)
3 CASSE Matthias (BEL)
5 GRIGALASHVILI Tato (GEO)
5 RESSEL Dominic (GER)
7 KHUBETSOV Alan (ROC)
7 BOLTABOEV Sharofiddin (UZB)


Фардо, 28-уми июл дар вазни -90КГ Комроншоҳ УСТОПИРИЁН рӯи татами мебарояд. Комроншоҳ дар даври аввал озод буда, муборизаро аз даври дуюм муқобили Аксел КЛЕРГЕТ-и фаронсавӣ оғоз мекунад.