Бозиҳои олимпии Токио барои Комроншоҳ низ бебарор анҷом ёфт

Дар рӯзи панҷуми мусобиқаи ҷудои Бозиҳои олимпии Токио-2020 Тоҷикистонро Комроншоҳ УСТОПИРИЁН дар вазни -90КГ муаррифӣ кард.

Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм муқобили ҷудокори Фаронса – Аксел КЛЕРГЕТ оғоз кард. Мутаассифона, Комроншоҳ дар "голден скор" бо усули буғӣ кардан мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.


Final results
1 BEKAURI Lasha (GEO)
2 TRIPPEL Eduard (GER)
3 BOBONOV Davlat (UZB)
3 TOTH Krisztian (HUN)
5 IGOLNIKOV Mikhail (ROC)
5 ZGANK Mihael (TUR)
7 SHERAZADISHVILI Nikoloz (ESP)
7 VAN T END Noel (NED)


30-уми июл дар вазни +100КГ Темур Раҳимов вориди рақобат мешавад. Ӯ дар даври аввал бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ хоҳад кард.