Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи дуюми Гран-При Тел-Авив

Дар чорчӯби рақобатҳои Гран-Прии Тел-Авив дар дуюмин рӯз аз миёни варзишгарони тоҷик нахустин шуда Акмал Муродов дар вазни 81 килограмм ба майдон баромада дар муқобили Кристиан Тонисте аз кишвари Эстония қарор гирифт. Ду варзишгар натавонистанд аз ҳамдигар имтиёз ситонанд бинобарин соҳиби чанд танбеҳ шуданд. Даҳ сония монда ба анҷоми нерусанҷӣ Кристиан Тонисте сеюмин танбеҳашро дарёфт карда, Акмал Муродов пирӯз ва ба марҳилаи дуюм баромад.

Дар марҳилаи дуюм бошад боз ҳам нерусанҷии ҷудокори тоҷик бо Турпал Текпаев аз Россия ба ҳамин минвол сурат гирифта пас аз гузашти беш аз ду дақиқа ба хотири дарёфти се танбеҳ шикаст хурда Турпал ба даври баъди роҳ ёфта, Акмал Муродов бо як пирӯзӣ ва як шикаст аз идомаи рақобат маҳрум шуд.

Ҳамчунин дар вазни 73 килограмм Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод буд дар даври дуюм бо Райчу Александру аз Руминия рақобат намуда нахуст ҷудокори руминия тавонист як имтиёзи вазари аз Сомон бигирад аммо ҷудокори тоҷик устуворияшро аз даст надода пас аз дуву ним дақиқа тахтаи пушти ҳарифро руи замин гузошта бо имтиёзи иппон пирӯз шуд.

Дар даври сеюм ҳарифи ҷудокори машҳури тоҷик Ҷованни Эспосито аз кишвари Италия гардид. Дар вақти асосии рақобат ду варзишгар танҳо як танбеҳи дарёфт карданд аммо дар иҷрои усул Сомон фаолтар буд. Нерусанҷии ин ду варзишгар ба вақти тиллои кашида шуда тақрибан якуним дақиқа пас бо тасмими доварони канори усули анҷом додаи Эспосито вазари қаламдод шуда роҳи сомон ба нишони ин мусобиқот баста шуд. 

Дар ҳамин вазн Беҳрузи Хоҷазода низ бо Евгений Прокопчук ҷудокори рус, ки ҷоизадори Гранд-Слами Екатеринбург мебошад неру санҷид. Рақобати пуршиддат миёни ду варзишгар сурат гирифта дар сонияҳои охири нерусанҷӣ Беҳрузи Хоҷазода бо чусту чолокии хосси худаш усулеро иҷро ва соҳиби имтиёзи вазари шуд ва то охири рақобат онро ҳифз карда ба даври баъди роҳ ёфт.

Дар неруснаҷии баъдияш Беҳрӯз Хоҷазода бо Жансай Смагулов аз Қазоқистон рақобат намуда, дар тули рақобат Беҳруз фаолтар буд. Беҳруз дар дақиқаҳои оғозин як усули дидани ва ҷаззоберо анҷом дод аммо ҳарифаш чусту чолоки намуда имтиёз ба Беҳруз надод. Вале дар идома ҷудокори тоҷик талошҳояшро идома дода тавонист пеш аз муҳлат бо анҷоми усуле имтиёзи иппон касб карда ғолиб гардид.

Аммо мутаасифона дар даври баъди Беҳрузи Хоҷазода дар муқобили Ҳоҷак Мартин аз Словения шикаст хурд. Ҳамаги ним дақиқа пас ҷудокори словенӣ бо усули лат додани даст Беҳрузи Хоҷазодаро мағлуб кард ва ҷудокори тоҷик имкони рақобат барои медали тиллоро аз даст дод.

Дар даври тасалло бахш Хоҷазода бо Стамп Нилж аз Швейтсария ҷиҳати роҳ ёфтан ба рақобатҳо барои касби медали биринҷӣ ба майдон баромад. Нахуст варзишгари тоҷик аз ҳарифаш як имтиёзи вазари касб кард аммо ду танбеҳ низ насибаш гашта буд. Дар ниҳоят як усули дигареро анҷом дода ҳарифро ба тахтаи пушт зад аммо довар дар ин амал қоидаситезиро дода Хоҷазода сеюмин танбеҳро дарёфт ва Стамп Нилс  ғолиб гардид.

Ҳамин тавр дар дуюмин рӯз низ варзишгарони тоҷик аз нишонҳои Гран-При Тел-Авив маҳрум шуданд аммо ҳамчунон се варзишгари дигари тоҷик дар охирин рӯзи мусобиқа барои касби мақомҳои ифтихорӣ талош хоҳанд кард.