Сомон Маҳмадбеков - Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон

10-уми август, дар чорабинӣ ба ифтихори “Рӯзи варзишгарон” раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода барои саҳми назаррас дар рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш ба як қатор варзишгарон ва собиқадорони соҳа унвонҳои ифтихории соҳавӣ супурд.

Ба се ширкаткунандаҳои Бозиҳои олимпии Токио-2020 - Сомон Маҳмадбеков, Шаббос Неъматуллоев ва Анастасия Тюрина унвони соҳавии “Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон” тақдим карда шуд.
Ин унвон ба онҳо барои дастовардҳои баландашон дар риштаи варзиши ҷудо, бокс ва шиноварӣ тақдим гардидааст.