Ширкати ҷудокорони ҷавони кишвар дар Бозиҳои кишварҳои ИДМ 2021

Дар шаҳри Қазони Русия Бозиҳои кишварҳои ИДМ 2021 (Игры стран СНГ), ҷараён дорад, ки дар он Тоҷикистонро 80 варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш намояндагӣ мекунад.

Тибқи барномаи мусобиқот, рӯзҳои 9-ум ва 10-уми сентябр қувваозмоии варзишгарон дар риштаи ҷудо миёни ҷавонони солҳои таваллудашон 1999-2003 (U-23) шурӯъ мешавад. Дар рӯзи аввали мусобиқа сабқатҳо ба таври инфиродӣ, дар рӯзи дуюм - ба шакли даставӣ, сурат мегиранд.

Кишвари моро дар ин мусобиқа Абубакр ШЕРОВ (-66кг), Амирҷони НАСИМҶОН (-90кг) ва Абубакри АКОБИР (-100кг) муаррифӣ хоҳанд кард.

Бар асоси қуръакашӣ рақибони ҷудокорони тоҷик дар даври муқаддамотӣ муайян шуд:

-66кг | Абубакр ШЕРОВ vs Айбек уулу Кубаничбек (Қирғизистон)
-90кг | Амирҷони НАСИМҶОН vs Андрей УВАРОВ (Русия)
-100кг | Абубакри АКОБИР vs Лев САРКИСЯН (Русия)

Барномаи баргузории мусобиқа:

Рӯзи 1 | 9-уми Сентябр | Панҷшанбе
Рақобатҳои инфиродӣ

Оғоз:
Марҳилаи муқаддамотӣ/Нимниҳоӣ:  12:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00

Занон: -48, -52, -57, -63, 70, 78, +78 кг;
Мардон: -60 ,-66,-73, -81, -90 кг, -100 кг, +100кг;

Рӯзи 2 | 10-уми Сентябр | Ҷумъа
Рақобатҳои даставӣ


Оғоз: 
Марҳилаи муқаддамотӣ/Нимниҳоӣ: 12:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00

Даставӣ (микс): -60, -66, -81, -100, -48, -52, -63, -78кг

* Вақти Душанбе
* Тими Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат  дар рақобатҳои даставӣ иштирок намекунад.

Пахши мустақими рақобатҳо дар сомонаи расмии Бозиҳои кишварҳои ИДМ - https://ciskazan2021.com/broadcasting манзури бинандагон мешавад.

Дар қатори варзишгарон довари дараҷаи байналмилалӣ – Рамзӣ Шамиров низ Тоҷикистонро дар ин мусобиқа муаррифӣ мекунад.