Баргузории мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон

Аз 3 то 5 октябри соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе 8-умин Мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2021 (International judo tournament for the Cup of the President of Tajikistan 2021) баргузор мешавад.

Дар мусобиқа ба ҷуз аз ҷудочиёни тоҷик, варзишгарон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Русия ва Беларус ширкат меварзанд. Қувваозмоиҳо аз рӯи 4 вазн (-66, -81, -90 ва +90кг) миёни мардҳо доир мегардад.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Барои ҷойи 1-ум 30 000 сомонӣ, ҷойи 2-юм – 10 000 сомонӣ ва ҷойҳои 3-юм 5000-сомонӣ муқаррар шудааст.


Мусобиқаи мазкур шурӯъ аз соли 2013 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор мегардад.

Барномаи баргузорӣ:


2-юми Октябр | Ҷумъа
Қуръакашӣ
Оғоз: 20:00 (ТВ “Варзиш”)

3-юми Октябр | Якшанбе | Рӯзи 1
Мардҳо: -66кг
Рақобатҳои муқаддамотӣ: 10:00-14:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00-20:00

4-уми Октябр | Душанбе | Рӯзи 2
Мардҳо: -81кг
Рақобатҳои муқаддамотӣ: 10:00-14:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00-20:00

5-уми Октябр | Сешанбе | Рӯзи 3
Мардҳо: -90, +90кг
Рақобатҳои муқаддамотӣ: 09:30-15:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00-20:00


*Вақти Душанбе

Пахши мустақими рақобатҳо тариқи Телевизиони “Варзиш” ва YouTube-шабакаи VarzishTV дар назар аст.