Умар Расулов - ғолиби Ҷоми Президент дар вазни -81кг

Рӯзи дуюми Мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2021, ки дар шаҳри Душанбе идома меёбад, бо пирӯзии ҷудокори тоҷик Умар РАСУЛОВ (-81кг) ба поён расид.

Умар, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм муқобили варзишгари дигари Тоҷикистон - Мансур МИРЗОАЛИЗОДА оғоз кард. Пас аз гузашти 30 сония РАСУЛОВ рақибро бо усули "cэои нагэ" шикаст дод ва ба даври сеюм баромад.

Дар даври сеюм бар Наврӯз КАРИМЗОД (Тоҷикистон) бо иҷрои усули "ҳиза гурума" дастболо шуд.

Дар чорякниҳоӣ Умар  бо ҷудокори тоҷиктабори Русия – Шодмон РИЗОЕВ рӯ ба рӯ шуд. Қувваозмоии ҷудокорон ҷолибу диданӣ сурат гирифта, варзишгари тоҷик бо касби ду имтиёзи "ваза-ари" пирӯз шуд.



Дар даври нимниҳоӣ дар «голден скор» Хусрав АЛАМОВро (Тоҷикистон) бо иҷрои зиддиусуле мағлуб кард ва ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Дар мубориза барои нишони тиллои мусобиқа бар Қаҳрамони Осиё миёни ҷавонон – 2017 – Раҳматулло ФАРҲОДОВ (Тоҷикистон) дастболо шуд ва соҳиби 8-умин Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.



Шодмон РИЗОЕВ ва Хусрав АЛАМОВ сазовори мақоми сеюм гардиданд.

Дар фарҷом ба ғолибону ҷоизадорон Ҷоми мусобиқа, медалу диплом ва ҷоизаҳои молӣ супорида шуд.


Хотиррасон мекунем, ки барои ҷойи 1-ум 30 000 сомонӣ, ҷойи 2-юм – 10 000 сомонӣ ва ҷойҳои 3-юм 5000-сомонӣ муқаррар шудааст.



Натиҷаҳои ниҳоии -81КГ:
1. Умар РАСУЛОВ (TJK)
2. Раҳматулло ФАРҲОДОВ (TJK)
3. Шодмон РИЗОЕВ (RUS)
3. Хусрав АЛАМОВ (TJK)
5. Ҳамроз РАҶАБОВ (TJK)
5. Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ (TJK)



Фардо, рӯзи охири мусобиқа, ҷудокорони вазни -90 ва +90кг қувваозмоӣ хоҳанд кард.