Медалҳои тиллои Комроншоҳу Темур дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2021

Дар шаҳри Душанбе 8-умин Мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2021 (International judo tournament for the Cup of the President of Tajikistan 2021) ба анҷом расид.

Дар рӯзи охири мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои -90 ва +90кг сурат гирифт ва бо пирӯзии ҷудокорони тоҷик – Комроншоҳ УСТОПИРИЁН ва Темур РАҲИМОВ хотима ёфт.


Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (-90кг) рақобатро аз даври дуюм муқобили варзишгари Қазоқистон – Сергей ПАК оғоз кард. Нерусанҷии ин ду ҷудокор то “голден скор” тӯл кашида, ниҳоятан Комроншоҳ бо иҷрои “таи отоси” ҳарифро мағлуб кард.


Дар чорякниҳоӣ дар сонияҳои охири рақобат бо иҷрои зиддиусуле Муин ОРИФОВро (Тоҷикистон) шикаст дод ва ба ниманиҳоӣ роҳ ёфт.


Рақиби Комроншоҳ дар даври нимниҳоӣ – варзишгари ҳамсоякишвари Ӯзбекистон – Азизбек АВАЗМУРОДОВ бо дарёфти се “шидо” мағлуб дониста шуд.

Дар рақобати шадид барои дарёфти Ҷоми мусобиқа, Устопириён бо ҷудокори ботаҷрибаи ӯзбек – Шермуҳаммад ҶАНДРЕЕВ неру санҷид. Дар вақти асосии нерусанҷӣ ҳеҷ кадом ғолиб наомада, танҳо дутоӣ танбеҳ насибашон шуд. Дар вақти ҷудошуда барои имтиёзи тиллоӣ, рақиби Комроншоҳ бо дарёфти сеюмин танбеҳаш имкони касби нишонҳои тиллои мусобиқаро аз даст дод. Ҳамин тариқ, Комроншоҳ ғолиби Ҷоми Президент дар вазни -90кг гардид.

Натиҷаҳои ниҳоии -90КГ:
1. Комроншоҳ УСТОПИРИЁН  (TJK)
2. Шермуҳаммад ҶАНДРЕЕВ (UZB)
3. Исроил РАҲИМОВ (TJK)
3. Достон МЕЛИЕВ (UZB)

Темур РАҲИМОВ (+90кг), ки дар давари аввал озод буд, дар даври дуюм бар Давлатҷон НАЗРИЕВ аз Тоҷикистон дастболо шуд.

Дар чорякниҳоӣ варзишгари Беларус – Богдан ВОЙТСИКро бо “учимата” мағлуб кард.
Дар даври нимниҳоӣ ҷудокори Ӯзбекистон Шоҳруххон БАХТИЁРОВро бо иҷрои зидиусул шикаст дод ва ба финали мусобиқа роҳ ёфт.


Дар финал бо Раҳимов бо ҷудочии Русия – Антон БРАЧЕВ даст ба гиребон шуд. Пас аз ҳамлаҳои пай дар пай Темур ниҳоятан ҳарифро бо иҷрои “осото гари” ба замин зада, тавонист ӯро дар ҳолати “осаекоми” нигаҳ дорад ва ғолиби рақобати ҳалкунанда шавад.

Натиҷаҳои ниҳоии +90КГ:
1. Темур РАҲИМОВ (TJK)
2. Антон БРАЧЕВ (RUS)
3. Бекмурод ОЛТИБОЕВ (UZB)
3. Шоҳруххон БАХТИЁРОВ (UZB)




Хотиррасон мекунем, ки мусобиқаи мазкур бори ҳаштум баргузор шуд. Ба ҷуз аз ҷудокорони тоҷик, варзишгарон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Беларус ширкат карданд.

Қувваозмоиҳо аз рӯи 4 вазн (-66, -81, -90 ва +90 кг) миёни мардҳо баргузор шуд.