Шикасти Абубакру Анушервон дар марҳилаи муқаддамотии Чемпионати ҷаҳон

Дар шаҳри Олбияи Италия Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ҷараён дорад. Дар нахустин рӯзи қувваозмоиҳо Тоҷикистонро дар вазни -66кг Абубакр ШЕРОВ ва Анушервон ҚУВВАТОВ намояндагӣ карданд.

Абубакр дар даври аввал дар 20 сония ҳарифи худ аз Кувейт – Муҳаммад АЛБАРАКро бо “иппон” шикаст дод, вале дар даври дуюм дар “голден скор” аз ҷудочии Русия, Чемпиони ҷаҳон миёни наврасон-2019 – Абрек НАГУЧЕВ шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.


Анушервон ҚУВВАТОВ дар нахустин рақобаташ аз ҷудокори Латвия - Энтони де Анҷелис ноком шуд.


Final Results -66kg:
1. NAGUCHEV Abrek (RUS)
2. SLAMBERGER Lennart (GER)
3. HONCHARKO Yevhen (UKR)
3. GOBERT Maxime (FRA)
5. IZVOREANU Radu (MDA)
5. JARA Robin (MEX)
7. ABDUSALIMOV Abdulbosit (UZB)
7. PEREIRA Matheus (BRA)


8-уми октябр Саидраҳим РАҲИМОВ, Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛОВ (ҳарду дар вазни -81кг) ва Раҳматулло МИРЗОЕВ (-90кг) рӯи татами мебароянд.