Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи сеюми Гран-При Тел-Авив

Дар вазни то 90 килограм дар Гран-Прии Тел-Авив Комроншоҳи Устопириён Тоҷикистонро намояндагӣ мекарду дар даври аввал озод  ва дар даври дуюм бо Петр Кучера аз кишвари Полша неру санҷид. Ин нерусанҷӣ беш аз севуним дақиқа тӯл кашида ҳарду варзишгар ҳам дутои танбеҳ дарёфт карданд. Бо инки варзишгари тоҷик дар сонияҳои охир фаъолтар буд, аммо довар боз як танбеҳи дигар ба Комроншоҳи Устопириён дода, Пётр Кучераро ғолиби ин вохӯрӣ намуд.

Дар вазни ба изофаи сад килограм низ рақобати варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов ҳам дар муқобили Токтогонов Бекболот аз Қирғизистон бо ҳукми довар ба фоидаи Бекболот анҷом ёфт. Ду варзишгар бо ҳам набарди шадид анҷом дода ҳангоми иҷрои усул Шакармамад Мирмадов аз сӯи довар ҳукми   Хансоку Маке дарёфт карда ӯ ҳам аз идомаи рақобат барои нишонҳои мусобиқа маҳрум гашт.

Ниҳоятан Темур Раҳимов охирин варзишгари тоҷик буд,  ки дар Гран-Прии Тел-Авив ба майдон баромад. Ӯ дар муқобили Ндайе Мбагник,  ки  қаҳрамони Африқо дар риштаи ҷудо мебошад неру санҷид. Дар ин нерусанҷӣ пас аз гузашти се дақиқа рақобати шадид Темур як имтиёзи вазари аз варзишгари сенегалӣ касб кард. Аммо дере нагузашта Ндайе Мбагник тавонист  ҷудокори тоҷикро бо иппон шикаст диҳад.

Ҳамин тавр иштироки варзишгарони тоҷик дар Гран-Прии Тел-Авив ба анҷом расида, беҳтарин натиҷаро Беҳруз Хоҷазода касб кард, ки дар вазни худаш дар зинаи ҳафтум қарор гирифт.  Зимнан ҷудокорони тоҷик ҳамчунон имкон доранд дар дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои холҳои олимпӣ ва умуман роҳхатҳои олимпӣ талош намоянд.