Амалишавии лоиҳаи «Дзюдо дар мактабҳо» дар шаҳри Истаравшан

Дар доираи лоиҳаи «Дзюдо дар мактабхо», ки бо икдоми Федератсияи ҷудои мамлкат дар ҳамкори бо Федератсияи байналмиллалии ҷудо, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва Вазорати маориф ва илми маорифи Ҷуҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди намуди ин варзиш дар Тоҷикистон рохандозӣ шудааст. Дар заминаи толори варзишии мактаби варзишии №1 ва МТМУ №1-и ш.Истаравшан, ки ҳамшафатанд низ як мактаби хурди дзюдо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз тарафи Федератсияи ҷудои мамлкат ба ин толор як гилеми варзишӣ ва сару либоси варзишӣ туҳва карда шуд.

Дар маросими ифтитоҳи мактаби хурди дзюдо дар шаҳри Истаравшан намояндагони Федератсияи ҷудои мамлакат, роҳбарияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан, мураббиёни Мактаби варзишӣ ва волидони варзишгарон иштирок намуда аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушд оммавияти варзиш дар Точикистон ёдовар шуда, роҳандозӣ намудани ин иқдомро барои рушди ояндаи ҷудо дар кишвар муфиду саривақтӣ арзёби карданд.

Дар шаҳри Истаравшан дустдорони варзиш хеле зиёданд. Айни замон дар мактаби варзишии №1-и ин шаҳр наздик 80 нафар кудакону наврасон ва ҷавонони дар ин намуди олимпии варзиш тамрин мекунанд, амалишавии лоиҳаи рушди ҷудо дар мактабҳо имконият медиҳад, ки мураббиёни ин намуд беш аз пеш дар ҷалби наврасони ҷавонон ба ин намуд ва дар сатҳи баланд роҳандози намудани машқу тамрин таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро минбаъд онҳо аз тарафи Федератсияи чудои малакат бо маоши хуб низ таъмин карда мешаванд. 
Мураббиёну варзишгарон, дар маҷмуъ кули сокинони варзишдусти шаҳри Истаравшан аз ин имкон пайдо мекунанд, ки варзишгарони худро дар намуди чудо низ дар мусобиқаи байналмилаливу ҷахонӣ мухлисӣ кунанд.