Истиқболи гарми Темур Раҳимов дар пойтахти кишвар

Чанд рӯз қабл Темур Раҳимов дар мусобиқаи ҷудои Гранд Слэми Боку то ба финал роҳ ёфта, аз миёни ҳайати варзишгарони тоҷик танҳо нафаре шуд, ки соҳиби медали ин мусобиқот гардид. Ҳамакнун ин ҷудокори номовари тоҷик дар шаҳри Душанбе мавриди истиқболи гарм қарор гирифт.

Дар саҳни бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури масъулони соҳа, намояндагони Федератсияи ҷудо ва варзишгарону мухлисони варзиш аз Темур Раҳимов - паҳлавони тоҷик истиқболи гарм сурат гирифт.


Ин ҷудокори машҳури кишвар дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо таҳти унвони Гран Слэми Боку соҳиби медали нуқра гардида, Тоҷикистонро ба таври арзанда муаррифӣ намуд. Зимнан ӯ дар  вазни +100кг то рақобати ниҳоӣ баромада, аз варзишгари ҷопонӣ – Татсуру САИТО, ки соҳиби ин риштаи варзишӣ мебошад, мағлуб гардида ба медали нуқра иктифо кард. 
Дар маросими истиқбол қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров ҳам ба варзишгари умедбахши тоҷик тавсияҳои созанда дод  ва иброз дошт мухлисон аз варзишгарони номдори тоҷик интизори медали олимпиро доранд ва қадамҳои Темур дар ин замина бояд устувортару устувортар бошад. Дар ин маросим масъулон иброз доштанд давлату ҳукумат барои дастгирии муаррифгарони миллат нақшаҳои созандаеро таҳия намуда истодааст ва Темур бо ҳунару маҳорате, ки дорад метавонад миллати моро дар арсаи байналмилали ҷаҳонӣ ва олимпӣ хуб муаррифӣ намояд.

Ёдовар мешавем аввалин бор аст, ки варзишгари тоҷик дар мусобиқаи сатҳи Гранд Слэм ба медали нуқра даст меёбад. То кунун варзишгарони тоҷик соҳиби ду медали биринҷии Гранд Слэм шуда буданд. Дар ҳар сурат Темур аз шикаст дар финали Гранд Слеми Боку дилшикаста несту дар фикри баромади арзанда дар мусобиқаи баъдӣ – Abu Dhabi Grand Slam 2021 мебошад.