Рӯзи аввали Abu Dhabi Grand Slam 2021 барои ҷудочиёни тоҷик бебарор анҷом ёфт

Дар нахустин рӯзи Abu Dhabi Grand Slam 2021 Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ (-60кг), Алиҷон САФАРАЛИЕВ ва Баҳром СУФИЕВ (ҳарду дар вазни -66кг) Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.

Шаҳбоз дар даври аввал аз Седрик РЕВОЛ (Фаронса) бо ду ”ваза-ари” шикаст хурд.


Final Results -60kg
1. YANG Yung Wei (TPE)
2. ABDULAEV Ramazan (RUS)
3. REVOL Cedric (FRA)
3. HALL Samuel (GBR)
5. KHALMATOV Dilshot (UKR)
5. VEREDYBA Oleh (UKR)
7. KHAWJAH Mutaz (KSA)
7. ENKHTAIVAN Sumiyabazar (MGL)


Алиҷон САФАРАЛИЕВ аз Петр ЖУКОВ (Руминия) ва Баҳром СУФИЕВ аз Реда СЕДДОУКИ (Фаронса) ноком шуданд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардиданд.

Final Results
1. VIERU Denis (MDA)
2. MISIROV Ismail (RUS)
3. YONDONPERENLEI Baskhuu (MGL)
3. IADOV Bogdan (UKR)
5. KHYAR Walide (FRA)
5. IZVOREANU Radu (MDA)
7. ZHUKOV Petr (ROU)
7. YULDOSHEV Dilshodbek (UZB)


Фардо, 27-уми ноябр, Сомон МАҲМАДБЕКОВ, Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ (ҳарду дар вазни -73кг), Ҳақназар НАЗАРОВ ва Хушвақт ИДИЕВ (ҳарду дар вазни -81кг) рӯи татами мебароянд.