Зинаи панҷуми Сомон Маҳмадбеков дар Abu Dhabi Grand Slam 2021

Дар дуюмин рӯзи Abu Dhabi Grand Slam 2021 Тоҷикистонро Сомон МАҲМАДБЕКОВ, Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ (ҳарду -73кг), Ҳақназар НАЗАРОВ (-81кг) ва Хушвақт ИДИЕВ (-81кг) намояндагӣ карданд.

Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Словения - Юс МЕКИЛОСЕК бо «осаекоми» дастболо шуд ва ба чорякниҳоӣ баромад.

Мутаассифона, дар ин давр аз ҷудокори пурқуввати Ӯзбекистон - Ҳикматулло ТУРАЕВ дар 25 сония мағлуб шуд.

Дар даври тассалобахш Маҳмадбеков муқобили ҷудочии Русия – Казбек НАГУЧЕВ қарор гирифт. Ҷудокори рус ба хотири камфаолӣ се «шидо» дарёфт карда, мағлуб дониста шуд.

Мутаассифона, дар мубориза барои нишони биринҷии мусобиқа аз Армен АГАЯНи рус дар “голден скор” бо «коучи-гари» мағлуб шуд ва мақоми панҷумро касб кард.

Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ дар нахустин рақобаташ бар варзишгари мизбон - Халифа АЛҲУСАЙНӢ бо ду «ваза-ари» пирӯз шуд.
Дар даври дуюм бо Виктор СТЕРПУ аз Молдова, ки дар Гранд Слэми қаблӣ (Baku Grand Slam 2021) аз Сарахонов дар 8 сония шикаст хурда буд, неру санҷид. Рақобати варзишгарон шадид ҷараён гирифта, ҷудокори Молдова тавонист дар дақиқаи аввал як имтиёзи «ваза-ари» касб кунад. Пас аз гузашти 30 сония, Муҳаммадраҳим ҳам бо иҷрои усули дӯстдоштааш – «де аши барай» «ваза-ари» ба даст овард ва ҳисоби имтиёзҳоро баробар кард.  Дар дақиқаи дуюми нерусанҷӣ СТЕРПУ боз як имтиёзи вазари касб кард ва роҳи варзишгари тоҷикро ба марҳилаи баъдӣ баст.

Final results -73kg:
1) TSEND-OCHIR Tsogtbaatar (MGL)
2) TURAEV Khikmatillokh (UZB)
3) AGAIAN Armen (RUS)
3) SHAVDATUASHVILI Lasha (GEO)
5) HOJAK Martin (SLO)
5) MAKHMADBEKOV Somon (TJK)

Дар вазни -81кг Ҳақназар НАЗАРОВ аз Тиз ГНАМИЕНи фаронсавӣ ва Хушвақт ИДИЕВ аз Зебеда РЕХВИАШВИЛИи серб дар аввалин рақобаташон шикаст хӯрданд ва аз идомаи сабқат маҳрум гаштанд.
Final results -81kg:
1) CASSE Matthias (BEL)
2) KHUBETSOV Alan (RUS)
3) ALAPPINAGOV Aslan (RUS)
3) MOORHEAD Lachlan (GBR)
5) GRAMKOW Tim (GER)
5) TOJIEV Arslonbek  (UZB

Се ҷудокори дигари кишвар: Комроншоҳ УСТОПИРИЁН, Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (ҳарду -90кг), Темур РАҲИМОВ (+100кг) фардо - 28-уми ноябр ба рақобат мепардозанд.