Як нуқра ва ду биринҷӣ: натиҷаҳои ҷудочиёни кишвар дар рӯзи сеюми Abu Dhabi Grand Slam 2021

Охирин рӯзи мусобиқаи бонуфузи Abu Dhabi Grand Slam 2021 барои ҷудочиёни тоҷик бобарор анҷом ёфт. Аз ҷумла, дар вазни -90кг Комроншоҳ Устопириён сазовори нишони нуқра, Ҷаҳонгир Маҷидов – биринҷӣ гардиданд.  Паҳлавони сангинвазни кишвар – Темур Раҳимов (+100кг) ҳам медали биринҷӣ ба даст овард.

Комроншоҳ Устопириён дар даври аввал бар ҳарифаш аз Британия – Ҷамал ПЕТГРЕЙВ дар «голден скор» пирӯз шуд.

Дар даври дуюм Комроншоҳ муқобили варзишгари Амрико – Ҷон Ҷейн қарор гирифт. Ҷудокорон дар вақти асосӣ имтиёзе аз ҳамдигар касб накарданду, Комроншоҳ як танбеҳ ва ҷудокори амрикоӣ ду танбеҳ дошт. Дар «голден скор» Ҷон Ҷейн бо дарёфти сеюмин «шидо» мағлуб дониста шуд.

Дар ниманиҳоӣ Устопириён бо ҷудочии Қирғизистон – Эрлан Шеров нерӯсанҷӣ кард. Дар вақти асосӣ ҷудочиён ғолибро муайян карда натавонистанд ва кор ба вақти тиллоӣ кашида шуд. Дар «голден скор» Комроншоҳ бо иҷрои муваффақи усули «сеои нагэ» имтиёзи ғалабаовари «ваза-ари»-ро касб намуд ва роҳашро ба финал ҳамвор сохт.
Мутаассифона дар рақобат барои нишони тиллои мусобиқа аз ҷудокори 21-солаи Русия – Мансур ЛОРСАНОВ бо дарёфти се «шидо» ноком шуд ва барандаи медали нуқра гашт. 

Зимнан, ин аввалин медали Комроншоҳ дар мусобиқоти пурнуфузи силсилаи ҷаҳонии “Grand Slam” ба шумор меравад.

Ҷаҳонгир Маҷидов низ дар ҳамин вазни -90кг  дар даври аввал рақобати шадид бо ҷудочии Канада – Моҳаб Элнаҳас анҷом дод.

Ҷудокори Канада дар дақиқаи дуюми рақобат тавонист имтиёзи «ваза-ари» ба даст орад. Аммо пас аз гузашти 20 сония Ҷаҳонгир бо иҷрои “томое нагэ” ҳарифро ба тахтаи пушт зада, ӯро дар ҳолати “осаекоми” нигоҳ дошт ва ғолиби ин рақобат гардид.
Мутаассифона дар чорякниҳоӣ аз ҷоизадори Бозиҳои олимпии Токио-2020, ҷудокори маъруфи Ӯзбекистон – Давлат Бобонов дар «голден скор» шикаст хурд.

Дар даври тассалобахш Маҷидов бо Франсиско Баланта аз Колумбия қувваозмоӣ кард. Варзишгари колумбиягӣ ба хотири камфаолӣ ва ҳамеша дар ҳоли дифоъ будан се «шидо» дарёфт карда, мағлуб дониста шуд.

Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Ҷаҳонгир бо Эрлан Шерови қирғиз, ки дар даври ниманиҳоӣ аз Комроншоҳ ноком шуда буд, нерусанҷӣ кард. Дар вақти асосӣ ҳеҷ кадом ғолиб наомада, танҳо ду танбеҳӣ насибашон шуд. Варзишгари Қирғизистон бо сабаби камфаолӣ ва ҳамеша дар ҳоли дифоъ қарор доштан сеюмин танбеҳ дарёфт карда, аз назари тактикӣ ва натиҷа рақобатро ба ҷудокори тоҷик бохт.
Барои Ҷаҳонгир ин аввалин нишони биринҷӣ аз сабқатҳои Гранд Слэм ба ҳисоб меравад.

Final Results -90kg

1. LORSANOV Mansur (RUS)
2. USTOPIRIYON Komronshokh (TJK)
3. MADZHIDOV Dzhakhongir (TJK)
3. BOBONOV Davlat (UZB)
5. SHEROV Erlan (KGZ)
5. DAMIER Francis (FRA)
7. BALANTA Francisco (COL)
7. JAYNE John (USA)


Темур Раҳимов, ки дар даври якум озод буд, рақобатро аз даври дуюм муқобили Эмил Мэттссон аз Шветсия оғоз кард. Дар дақиқаҳои аввали нерусанҷӣ Темур бо иҷрои “де аши барай” аз ҳариф як имтиёзи “ваза-ари” ситонид. Ҷудокори сангинвазни тоҷик талошҳояшро идома дода, ниҳоятан якуним дақиқа монда ба анҷоми рақобат бо иҷрои “учимата” имтиёзи иппонро касб намуд  ва пирӯз гардид.
Мутаассифона дар чорякниҳоӣ аз ҷудокори Украина - Евгений Балевский дар 40 сония мағлуб шуд.

Дар даври тассалобахш бар варзишгари Финляндия - Марти Пумалайнен бо иҷрои “де аши барай” дастболо шуд ва ба даври навбатӣ роҳ ёфт.


Дар мубориза барои медали биринҷӣ бо ҷудокори Русия – Валерий Ендовитский даст ба гиребон шуд. Дар вақти асосӣ ҷудокорони сангинвазн ғолибро муайян карда натавонистанд ва кор ба “голден скор” кашида шуд. Дар вақти ҷудошуда барои имтиёзи тиллоӣ Темур ҳарифро бо иҷрои “учимата” шикаст дод ва сазовори нишони биринҷии мусобиқа гашт.
Дар корномаи Темур ин дуюмин медал аз сабқатҳои Гранд Слэм маҳсуб мешавад. Қаблан, ӯ дар Baku Grand Slam 2021 сазовори нишони нуқра шуда буд.

Final Results

1. ODKHUU Tsetsentsengel (MGL)
2. SIMIONESCU Vladut (ROU)
3. RAKHIMOV Temur (TJK)
3. DESCHENES Marc (CAN)
5. ENDOVITSKIY Valeriy (RUS)
5. BALYEVSKYY Yevheniy (UKR)
7. TERHEC Joseph (FRA)
7. PUUMALAINEN Martti (FIN)


Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо ба даст овардани як нуқрю ду биринҷӣ, ҳамчунин бо назардошти мақоми панҷуми Сомон Маҳмадбеков, дар байни 41 кишвари иштирокчии ин мусобиқа мақоми 12-умро ишғол намуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи якум 5000 доллари ИМА, барои дуюм – 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ муқаррар шудааст.