Омодагии Ҳақназар Назаров ба Grand Slam Dusseldorf 2020

Ҳақназар Назаров узви тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар вазни -81кг омодагии хешро ба мусобиқаи бонуфузи «Grand Slam Dusseldorf 2020» дида истодааст. 
Ӯ тасмим гирифтааст, дар соли 2020 дар мусобиқаҳои берун аз кишвар иштирок карда, ҳунару маҳорати варзишии хешро сайқал диҳад ва бо гирифтани ҷойҳои намоён муаррифи кишвари хеш дар арсаи байналмилалӣ гардад.