Омодагии ҷудочиёни тоҷик ба мусобиқаҳои дарпешистода

Аз 31-уми январ то 6-уми феврал ҷудочиёни тоҷик Мирмамадов Шакармамад ва Акмал Муродов дар Тел-Авиви Исроил омодагии худро бо мураббӣ Владимир Елчининов ба мусобиқаҳои дарпешистода давом додаистодаанд.

Варзишгарони дигар бошад, таҳти роҳбарии сармураббӣ Муҳаммад Абдураҳмонов дар шаҳри Кёлни Германия ба тамринҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта шудаанд.