Амалишавии лоиҳаи «Дзюдо дар мактабҳо» дар шаҳри Кӯлоб

Дар қатори дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон муҳассилини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-и ҷамоати деҳоти шаҳри Кӯлоб низ бо лавозимоти варзишии ин риштаи гӯштин таъмин гардиданд. Зимни маросими тантанавии супоридани туҳфаҳо қайд гардид, ки ҳадафи асосии барномаи мазкур ин омӯзонидани кӯдакони синну соли аз 5-12 сола аз маҳорати иҷтимоӣ, таълимӣ ва ҷисмонӣ тавассути дарси ҷудо мебошад. Роҳбарияти Федератсияи ҷудои мамлакат дар маросими идона дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба таҳсилкунандагони мактаб кӯмаки техникиро аз қабили татамии варзишии дзюдо ва либосҳои варзишии ҷудогӣ тақдим намуданд.
Дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур мураббии ҷудо ҳар моҳ аз ҷониби Федератсия бо маош барои таълими дарси ҷудо дар мактаб таъмин карда хоҳад шуд. Барои ин кор дар шаҳри Кӯлоб яке аз мутаххасисони ҳирфаӣ, мураббии шоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Назриев ҷалб карда шуд, ки минбаъд ба ин кӯдакону наврасон машқу тамринҳо мегузаронад.