Финали тоҷикона ва се медал дар рӯзи охири Чемпионати Осиё-Уқёнусия байни ҷавонон

Дар шаҳри Бейрути Лубнон Чемпионати Осиё-Уқёнусия байни ҷавонон 2021 хотима ёфт. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудокорони тоҷик се медал (тилло, нуқра ва биринҷӣ) ба даст оварданд.

Шодмон Ризоев (-81кг) дар даври аввал бар се карат ҷоизадори Чемпионати Осиё байни наврасон, ҷудокори Кореяи Ҷанубӣ – Лӣ Ҷунхван бо «учимата» пирӯз шуд.

Дар чорякниҳоӣ муқобили Максим Мейрлан аз Қазоқистон рӯ ба рӯ шуд. Шодмон пас аз гузашти 1 дақиқаю 40 сония бо иҷрои «томое нагэ» аз ҳариф як «ваза-ари» ситонид ва ниҳоятан дар сонияҳои охири рақобат бо «коучигари» «ваза-ари»-и дуюмро касб кард ва ғолиби ин нерусанҷӣ гадид.


Дар зӯрозмоии нимниҳоии мусобиқа бо ҷудокори Ӯзбекистон – Нурбек Муртазоев даст ба гиребон шуд. Ҷудокори тоҷик пас аз иҷрои муваффақи зиддиусул ҳарифро бо «ура нагэ» ба тахтапушт зад ва бо имтиёзи «иппон» дастболо шуд.

Дар мубориза барои нишони тилло Шодмон  бо ҷудокори дигари тоҷик – Муҳаммадҷон Абдуҷалилов рӯ ба рӯ шуд. Ин ду ҷудокор, ки чанде пеш дар финали Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бо ҳам қувваозмоии шадид карданд, ин дафъа ҳам рақобати ҷолибу диданӣ нишон доданд.
Дар дақиқаи дуюми нерусанҷӣ Ризоев тавонист бо «томое нагэ» як имтиёзи «ваза-ари» ба даст орад ва онро то охир ҳифз ва ғолиби ин рақобат гардад. Ҳамин тариқ, Ризоев бо медали тилло ва  Абдуҷалилов бо медали нуқра мукофотонида шуданд.

Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг) рақобато аз чорякниҳоӣ муқобили Ҳусам Ҳаблос аз Сурия шуруъ кард. Ҷудокори тоҷик дар ин нерусанҷӣ бо ду «ваза-ари» (сэои нагэ) рақибро таслим кард ва ба нимниҳоӣ баромад.

Дар нимниҳоӣ бар варзишгари Ҳиндустон – Моҳит Сеҳрават бо «иппон» пирӯз шуд ва ба финал роҳ ёфт.


Дар финал аз Шодмон Ризоев шикаст хурд ва барандаи нишони нуқраи Қаҳрамонӣ гашт.

Final results -81kg:
1) RIZOEV Shodmon (TJK)
2) ABDUJALILOV Muhammadjon (TJK)
3) MAXIM Meiirlan (KAZ)

3) MURTOZOEV Nurbek (UZB)

Мирзоев Раҳматулло (-90кг) муборизаро аз чорякниҳоӣ муқобили Айдар Арапов оғоз кард. Мутаассифона, ҷудокори тоҷик дар ин рақобат ноком шуд.

Дар даври тассалобахши якум бар Осама Ҳеба (Сурия) ва дар даври дуюм бар Саҷад Хан (Покистон) пирӯз шуд, вале дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз ҷудокори муғул – Ган-Эрдене Тсеренбат шикаст хурд ва аз имкони касби мақоми ифтихорӣ бенасиб монд.

Мансур Раҳмон (-100кг) дар чорякниҳоӣ бар Дипак Десвал аз Ҳиндустон бо «иппон» (осаекоми) дастболо шуд, аммо дар нимниҳоӣ аз ноиб-қаҳрамони Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон-2021, ҷудокори Ӯзбекистон - Сӯҳроб Раҷабов ва дар рақобат барои нишони биринҷӣ аз Хан Қайсар (Покистон) шикаст хурд ва аз медали Қаҳрамонии Осиё-Уқёнусия бенасиб монд.


Давлатҷон Назриев (+100кг) дар чорякниҳоӣ аз Чон Ву-хёки кореягӣ шикаст хурд, вале дар дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар Ҷасим Албу-Фаради аз Ироқ дар 33 сония бо баҳогузории «иппон» дастболо ва сазовори медали биринҷӣ шуд.
Final results +100kg:
1) RAVSHANKULOV Islom (UZB)
2) GHANGAS Yash (IND)
3) SONG Woohyeok (KOR)
3) NAZRIEV Davlatzhon (TJK)


Зимнан, Тоҷикистон дар байни 14 кишвари ширкаткунандаи ин мусобиқот, бо дарёфти панҷ нишону (як тилло, як нуқра ва се биринҷӣ) се мақоми панҷум дар зинаи панҷум қарор гирифт.