Пирӯзии Сомон дар панҷ рақобат ва нишони биринҷӣ аз «Лигаи Аврупо»

Пойтахти Чехия, шаҳри Прага пас аз як соли мушкилиҳо вобаста ба Ковид-19, ҳамакнун мизбони чемпионати қитъавии бошгоҳӣ - Лигаи Аврупо (European Club Judo Championships - Europa League) дар риштаи ҷудо байни мардон ва занон гардид. Дар мусобиқоти мазкур ҷудокори шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-73кг) ба ҳайси легионер дар ҳайтаи «Урал-Сибири ғарбӣ»-и Русия ширкат варзида барандаи нишони биринҷӣ гашт.

Сомон дар даври аввал бо Тео Рикуин аз тими «Сен-Женевйев»-и Фаронса нерусанҷӣ кард. Ҷудокорон то дақиқаҳои охир натавонистанд имтиёзе касб кунанд, аммо дар ниҳоят  Маҳмадбеков бо иҷрои «оучигари» рақибро ба тахтаи пушт зада бо имтиёзи «иппон» дастболо гардид.
Мутаассифона, дар ин давр на ҳамаи ҳамдастаҳои Сомон муваффақ шуданд, ба ҳамин хотир дастаи “Урал–Сибири ғарбӣ” дар маҷмӯъ бо ҳисоби 3 бар 2 аз дастаи фаронсавӣ шикаст хурда ба давраҳои тассалобахш рафтанд.

Дар аввалин даври тасаллобахш Сомон Маҳмадбеков ва ҳамдастаҳояш тавонистанд дастаи «Динамо-Бухарест» аз Руминияро бо ҳисоби 5 бар 0 шикаст диҳанд. Дар ин давр Сомон бо Лютсиан Борс Димитреску ҳунар озмуда аз оғоз нисбат ба ҳариф фаъолтар буд.  Ҳамин боис гардид, ки рақибаш ду огоҳӣ бигирад. Пас аз гузашти ду дақиқа аз майдондории паҳлавонон Сомон тавонист бо истифода аз зиддиусуле касби имтиёзи «ваза-ари» намояд. Дар идома ҳамчунон Димитреску камфаъол буд, бинобар ҳамин сеюмин «шидо»-ро дарёфт карду рақобатро пеш аз мӯҳлат ба Сомон Маҳмадбеков бохт.

Дар дуюмин рақобати тасалобахши худ Сомон бо Банский Бруно аз дастаи кишвари мизбон «УСК Прага» андари майдони рақобат шуд. Пас аз чанд лаҳзаи нерусанҷӣ Сомон Маҳмадбеков тавонист аз ҳарифаш бо «оучигари» як имтиёзи «ваза-ари» ситонад ва ҳамчунон рақибро дар ҳолати «осаекоми» нигоҳ дорад ва сеюмин пирӯзии худро ба даст орад. Ҳамин тавр дар ин давр «Урал–Сибири ғарбӣ» бо ҳисоби 4 бар 1 дастболо ва ба даври баъдӣ баромад.

Дар сеюмин даври тасаллобахш дастаи «Урал–Сибири ғарбӣ» бо дастаи «Дзюдо-Днепр» аз Украина рақобат намуда дар чорчӯби он ҷудокори тоҷик бо Звиади Звиадаури неру санҷид. Нисфе аз нерусанҷӣ бидуни имтиёз сипарӣ шуда, ҳарифи Сомон ба хотири камфаолӣ соҳиби як огоҳӣ шуд. Аммо дар дақиқаи охир Сомон Маҳмадбеков бо иҷрои «аши гурума» тавонист аз ҳариф имтиёзи вазарӣ ситонаду дар идома рақибашро дар ҳолати «осаекоми» нигаҳ дорад. Ҳамин тавр Сомон Маҳмадбеков чорумин рақобаташро ҳам дар Лигаи Аврупо бо пирӯзӣ пушти сар кард. 
Ҳамчунин аъзои тимаш ҳам хуб баромад карда, дастаашон бар бошгоҳи Украина бо ҳисоби 5-0 дастболо гардид.

Дар мубориза барои касби нишони биринҷӣ дастаи «Урал–Сибири ғарбӣ» бар тими дигари Русия – «Локомотив» (Налчик) бо ҳисоби умумии 5 бар 0 пирӯз гашт. Сомон ин навбат бо ҷудокори маъруфи озарӣ – Ҳидоят Ҳайдаров майдондорӣ кард. Ҳайдаров бо дарёфти сеюмин «шидо» дар «голден скор» мағлуб дониста шуд.

Бошгоҳи «ПСЖ»-и Фаронса ғолиб ва сазовори ҷоми мусобиқа гашт. Дар финал онҳо бар тими «Сен-Женевйев» (Фаронса) бо ҳисоби 4-1 дастболо шуданд.


Final results:
1 – PSG Judo (France)
2 – Saint-Geneviève Sport (France)
3 – UWS (Russia)
3 – Akhmat (Russia)

Бояд қайд намуд, ки медали биринҷии «Лигаи Аврупо» барои Сомон аввалин нишон аз мусобиқаи қитъавии бошгоҳӣ маҳсуб меёбад.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа 14 даста аз кишварҳои Фаронса, Россия, Украина, Чехия Руминия ва Сербия иштирок доштанд.