Қуръакашии Grand Prix Portugal 2022: Устопириён рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад

Рӯзҳои 28-30 январ дар шаҳри Алмадаи Португалия  Гран-Прии Португалия 2022 (Grand Prix Portugal 2022) баргузор мешавад. Комроншоҳ Устопириён (-90кг) - узви тими миллии ҷудои кишвар, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа муаррифӣ хоҳад кард.

Сомон Маҳмадбеков, ки мебоист дар мусобиқоти мазкур ширкат варзад, бинобар мусбӣ баромадани натиҷаи санҷишаш аз COVID-19, аз ҳаққи иштирок дар Гран-При маҳрум шуд.

Бар асоси қуръакашӣ муайян гардид, ки Комроншоҳ рақобатро аз даври дуюм муқобили ғолиби ҷуфти Мунхбаяр Баттогтох (Муғулистон) – Достон Мейлиев (Ӯзбекистон) шурӯъ мекунад.

Барномаи баргузорӣ:


Рӯзи 1 | 28-уми Январ | Ҷумъа
Оғоз:  15:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 22:00
Занон: -48 kg, -52 kg, -57 kg;
Мардон: -60 kg, -66 kg;

Рӯзи 2 | 29-уми Январ | Шанбе
Оғоз: 15:30
Марҳилаи ниҳоӣ: 22:00
Занон: -63 kg, -70 kg;
Мардон: -73 kg, -81 kg;

Рӯзи 3 | 30-юми Январ | Якшанбе
Оғоз: 16:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 22:00
Занон: -78 kg, +78 kg;
Мардон: -90 kg, -100 kg, +100 kg;


*Вақти Душанбе

•    Пахши мустақими рақобатҳо дар сомонаи https://live.ijf.org/ ва дар ТВ “Варзиш” дар назар аст.
•    Дар мусобиқа 312 варзишгар (184 мард ва 128 зан) аз 41 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад.