Аввалин медали ҷудокорони тоҷик дар соли 2022: Устопириён аз Grand Prix Portugal бо нишони биринҷӣ бармегардад


Дар шаҳри Алмадаи Португалия мусобиқаи Гран-При Португалия (Grand Prix Portugal 2022) хотима ёфт. Дар мусобиқоти мазкур ҷудокори маъруфи тоҷик – Комроншоҳ Устопириён (-90кг) нишони биринҷӣ ба даст овард.

Комроншоҳ рақобатро аз даври дуюм муқобили Достон Мейлиев аз Ӯзбекистон оғоз кард.  Дар ин қувваозмоӣ ҷудокори тоҷик нисбат ба ҳариф фаъолтар буда, ҳамин боис гардид, ки рақибаш бо дарёфти се «шидо» мағлуб шавад.

Дар чорякниҳоӣ Устопириён бо ҷудокори Украина - Артём Бубир андари майдони рақобат шуд. Дар ин рақобат ҳам ҳарифи Комроншоҳ бо се «шидо» ноком шуд.

Мутаассифона, дар нимниҳоӣ аз ҷудокори Италия – Кристиан Парлати дар сонияҳои охири нерусанҷӣ шикаст хурд.
Дар мубориза барои касби нишони биринҷӣ Устопириён бо Имеда Гоголадзеи гурҷӣ даст ба гиребон шуд. Ду варзишгар дар вақти асосӣ имтиёзе аз ҳамдигар касб накарданд ва ҳамин тариқ вақт ба «голден скор» кашида шуд.  Дар «вақти тиллоӣ» Комроншоҳ бо иҷрои «сеои наге» имтиёзи «ваза-ари» касб намуда, ғолиб ва барандаи нишони биринҷӣ гашт.


Final Results -90kg:

1. SMINK Jesper (NED)
2. PARLATI Christian (ITA)
3. CRET Alex (ROU)
3. USTOPIRIYON Komronshokh (TJK)
5. MOCANU Iurie (MDA)
5. GOGOLADZE Imeda (GEO)
7. BUBYR Artem (UKR)
7. GOTONOAGA Dorin (MDA)


Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим мегардад: ҷойи 1-ум - 3000 евро, 2-юм - 2000 евро, ҷойҳои 3-юм - 1000-евроӣ.