Натиҷаҳои қуръакашии Paris Grand Slam 2022

Фардо, 5-уми феврал дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж мусобиқаи бонуфузи Париж Гранд Слэм (Paris Grand Slam 2022) оғоз меёбад.

Мусобиқа 2 рӯз идома ёфта, дар он ширкати 290 варзишгар (157 мард ва 133 зан) аз 52 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Дар вазни -90кг Тоҷикистонро Комроншоҳ Устопириён муаррифӣ хоҳад кард.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ, Комроншоҳ рақобатро аз даври дуюм муқобили ғолиби ҷуфти Кристиан Парлати (Италия) – Давид Кламмерт (Фаронса) шурӯъ мекунад.

Барномаи баргузорӣ:
Рӯзи 1 | 5-уми Феврал | Шанбе
Оғоз:  14:30
Марҳилаи ниҳоӣ: 21:00
Занон: 48 kg, -52 kg, -57 kg, -63 kg;
Мардон: -60 kg, -66 kg, -73 kg;

Рӯзи 2 | 6-уми Феврал | Якшанбе
Оғоз: 15:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 21:00 
Занон: -70 kg, -78 kg, +78 kg;
Мардон: -81 kg, -90 kg, -100 kg, +100 kg;


*Вақти Душанбе


•    Пахши мустақими рақобатҳо дар сомонаи https://live.ijf.org/ ва дар ТВ “Варзиш” дар назар аст.