Paris Grand Slam 2022 барои Устопириён хотима ёфт

Дар шаҳри Парижи Фаронса мусобиқаи бонуфузи Paris Grand Slam 2022 ҷараён дорад. Дар рӯзи дуюми мусобиқа Тоҷикистонро Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг муаррифӣ кард.

Мутаассифона, Комроншоҳ дар нахустин (даври дуюм) рақобаташ аз ҷудокори Италия – Кристиан Парлати шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.


Хотиррасон мекунем, ки қаблан Устопириён аз ин ҳариф дар нимниҳоии Гран-прии Португалия (Portugal Grand Prix 2022) низ шикаст хӯрда буд.

Final Results
1. MURAO Sanshiro (JPN)
2. MEHDIYEV Mammadali (AZE)
3. BOBONOV Davlat (UZB)
3. ZGANK Mihael (TUR)
5. GVINIASHVILI Beka (GEO)
5. MATHIEU Alexis (FRA)
7. PARLATI Christian (ITA)
7. SILVA MORALES Ivan Felipe (CUB)