Tel Aviv Grand Slam 2022: Шодмон Ризоев бо Саги Муки рақобат мекунад

Аз 17-ум то 19-уми феврал дар шаҳри Тел-Авиви Исроил мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2022 баргузор мешавад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 нафар ҷудокор: Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг), Шодмон РИЗОЕВ (-81кг), Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (-90кг) ва Темур РАҲИМОВ (+100кг) муаррифӣ мекунанд.


Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ:


Cомон Маҳмадбеков рақобатро аз даври дуюм муқобили ғолиби ҷуфти Ёнезука (ИМА) – Сантос Юниор (Бразилия) оғоз мекунад.


Шодмон Ризоев дар даври аввал бо ҷудокори маъруфи мизбон, чемпиони ҷаҳон-2019 – Саги Муки қувваозмоӣ хоҳад кард.


Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври якум бо варзишгари Ӯзбекистон – Шермаҳмад Ҷандреев рӯи татами мебарояд.


Темур Раҳимов рақобатро аз даври дуюм бар зидди  Компаниез Серафими исроилӣ шурӯъ мекунад.


Барномаи баргузорӣ:
Рӯзи 1 | 17-уми Феврал | Панҷшанбе
Оғоз:  14:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -48 kg, -52 kg, -57 kg;
Мардон: -60 kg, -66 kg

Рӯзи 2 | 18-уми Феврал | Ҷумъа
Оғоз:  14:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -63 kg, -70 kg;
Мардон: -73 kg, -81 kg

Рӯзи 3 | 19-уми Феврал | Шанбе
Оғоз:  14:30
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -78 kg, +78 kg;
Мардон: -90 kg, -100 kg, +100 kg

*Вақти Душанбе

•    Пахши мустақими рақобатҳо дар сомонаи https://live.ijf.org/ ва дар ТВ “Варзиш” дар назар аст.
•    Дар мусобиқа 309 варзишгар (170 мард ва 139 зан) аз 34 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад.