Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи дуюми Tel Aviv Grand Slam 2022

Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2022, ки дар шаҳри Тел-Авиви Исроил идома меёбад, Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков (-73кг) ва Шодмон Ризоев (-81кг) намояндагӣ карданд.

Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар варзишгари Бразилия – Ҷеферсон Сантос Юниор пирӯз шуд. Мутаассифона, дар чорякниҳоӣ аз Тоҳар Бутбул (Исроил) ва дар даври тассалобахш аз Игор Вандтке (Олмон) шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.
Final Results -73kg:
1. HEYDAROV Hidayat (AZE)
2. NOMONOV Obidkhon (UZB)
3. SMAGULOV Zhansay (KAZ)
3. BUTBUL Tohar (ISR)
5. WANDTKE Igor (GER)
5. ESPOSITO Giovanni (ITA)
7. VENNEKOLD Lukas (GER)
7. MAKHMADBEKOV Somon (TJK)


Шодмон Ризоев дар даври якум бо ҷудокори мизбон, чемпиони ҷаҳон-2019 – Саги Муки даст ба гиребон шуд. Пас аз гузашти якуним дақиқа аз майдондории паҳлавонон, Шодмон тавонист бо истифода аз «учимата» касби имтиёзи «ваза-ари» намояд. Тақрибан 30 сония пас Саги Муки бар зидди Ризоев усулеро анҷом дод, ки бо қарори баҳсноки доварон “иппон” баҳогузорӣ шуд.

Final Results -81kg:
1. CASSE Matthias (BEL)
2. ALBAYRAK Vedat (TUR)
3. CHOUCHI Sami (BEL)
3. GAUTHIER DRAPEAU Francois (CAN)
5. MUKI Sagi (ISR)
5. BORCHASHVILI Shamil (AUT)
7. PANINI Vinicius (BRA)
7. DE WIT Frank (NED)


Фардо, 19-уми феврал Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) майдондорӣ хоҳанд кард.