Нишони биринҷии Темур Раҳимов дар Tel Aviv Grand Slam 2022

Дар шаҳри Тел-Авиви Исроил мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2022 ба анҷом расид. Дар рӯзи охири мусобиқа Темур Раҳимов дар вазни +100кг сазовори нишони биринҷӣ гашт.

Ҳамчунин, Тоҷикистонро дар ин рӯз Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) муаррифӣ кард.
Мутаассифона, Маҷидов дар нахустин рақобаташ аз варзишгари ӯзбек – Шермуҳаммад Ҷандреев дар “голден скор” бо “иппон” мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гашт.


Final Results -90kg
1. MEHDIYEV Mammadali (AZE)
2. MAJDOV Nemanja (SRB)
3. SILVA MORALES Ivan Felipe (CUB)
3. ZGANK Mihael (TUR)
5. SMINK Jesper (NED)
5. SHEROV Erlan (KGZ)
7. KOCHMAN Li (ISR)
7. MUZAPPAROV Yersultan (KAZ)


Темур Раҳимов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар ҷудокори мизбон – Серафим Компаниез бо “иппон” дастболо шуд.

Дар чорякниҳоӣ паҳлавони сангинвазни тоҷик муқобили Штефан Ҳеги аз Австрия қарор гирифт. Дар дақиқаи дуюми рақобат Темур бо касби як “ваза-ари” пешсаф шуд ва ниҳоят 30 сония монда ба анҷоми нерусанҷӣ бо иҷрои “учимата” ҳарифро мағлуб ва роҳи худро ба нимниҳоӣ ҳамвор кард.

Мутаассифона, дар ниманиҳоӣ аз ҷудокори маъруфи гурҷӣ – Гурам Тушишвили дар “вақти тиллоӣ” ноком шуд.

Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Раҳимов бо Энди Гранда аз Куба, ки дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз Темур шикаст хӯрда буд, нерӯсанҷӣ кард. Ин навбат ҳам ҷудочии Куба таслим шуд. Энди ба хотири камфаолӣ ва ҳамеша дар ҳоли дифоъ будан бо дарёфти се “шидо” мағлуб эълон шуд. Ҳамин тавр Темур Раҳимов барандаи медали биринҷии мусобиқа гашт.


Final Results +100kg
1. TUSHISHVILI Guram (GEO)
2. SILVA Rafael (BRA)
3. RAKHIMOV Temur (TJK)
3. HEGYI Stephan (AUT)
5. GRANDA Andy (CUB)
5. BUGHADZE Onise (GEO)
7. KHAMMO Yakiv (UKR)
7. ERDENEKHUU Munkhjargal (MGL)