Ҷоми ТВ «Варзиш» оид ба ҷудо: барномаи баргузории мусобиқа

Рӯзҳои 7-8 март дар толори Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии (Манеж) пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон барои дарёфти Ҷоми телевизиони «Варзиш» баргузор мешавад.

Дар мусобиқа ҷудокорони соли таваллудашон 2005-2007 аз рӯи ҳашт вазн: -50, -55, -60, -66, -73, -81, -90 ва +90кг ширкат меварзанд.

Натиҷаҳои ин мусобиқа дар радабандии ҷумҳуриявӣ таъсир гузошта, ҷудокорон барои ҷойи якум 700 имтиёз, ҷойи дуюм - 490 ва барои ҷойи сеюм 350 имтиёз дарёфт мекунанд.


Барномаи баргузорӣ:
6-уми Март | Якшанбе
18:00 – 18:30 – Вазнкашӣ: -50, -55, -60кг
19:00 - Қуръакашӣ

Рӯзи 1 | 7-уми Март | Душанбе
Оғоз:  10:00 - 14:30
Марҳилаи ниҳоӣ: 17:00
Вазнҳо: -50, -55, -60кг;


18:00 – 18:30 – Вазнкашӣ: -66, -73, -81, -90, +90кг

Рӯзи 2 | 8-уми Март | Сешанбе
Оғоз:  10:00 - 14:30
Марҳилаи ниҳоӣ: 17:00
Вазнҳо: -66, -73, -81, -90, +90кг;

Охирин рӯзи қабули дархостҳо: 28 Феврал, 2022