11 нафар аз ҷудокорони муваффақи кишвар соҳиби Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд

Дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими бошукуҳи супоридани Ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2021 баргузор шуд.

Дар ин маросим, ки бо ҳузури варзишгарони маъруф, собиқадорон, мураббиён ва меҳмонони ифтихорӣ баргузор шуд 32 варзишгари муваффақи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, соҳиби Ҷоизаи Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон гардиданд.

Ҷудокорон низ дар соли гузаштаи мелодӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ хуб дурахшида, ифтихори дарёфти 11 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд.


Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Шодмон Ризоев, Муҳаммад Абдуҷалилзода, Парвиз Абдураҳмонов, Давлатҷон Назриев, Масъуди Аҳмадзод, Муҳаммад Юсуфзода, Абубакр Шеров ва Сируш Эркаев буданд, ки дар мусобиқаҳои байналмилалии соли 2021 соҳиби ҷоиза ва мақомҳои ифтихорӣ гаштанд.


Ниҳоятан ғолибони озмуни беҳтарин варзишгарони сол низ дар номинаҳои гуногун эълом гардиданд. Темур Раҳимов ҷудокори маъруфи кишвар беҳтарин варзишгар аз намуди олимпӣ эълон шуд.


Ҳамчунин, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон беҳтарин Федератсияи миллии варзишӣ, Муҳаммад Абдураҳмонов - мураббии беҳтарини сол дониста шуданд. 


Комроншоҳ Устопириён бо унвони «Устоди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз шуд.