Чемпионати Тоҷикистон 2022. Барномаи баргузории мусобиқа

Рӯзҳои 12-13 март дар “Қасри теннис”-и пойтахт Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо 2022 баргузор мешавад.

Дар мусобиқот ҷудокорон аз сартосари кишвар аз рӯи ҳафт вазн (-60, -66, -73, -81, -90, -100, +100кг) миёни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Натиҷаҳои ин мусобиқа дар радабандии ҷумҳуриявӣ таъсир гузошта, ҷудокорон барои ҷойи якум 1000 имтиёз, ҷойи дуюм - 700 ва барои ҷойи сеюм 500 имтиёз дарёфт мекунанд. 

Барномаи баргузорӣ:
Рӯзи 1 | 12-уми Март | Шанбе
Оғоз:  10:00 - 14:30
Марҳилаи ниҳоӣ: 17:00
Вазнҳо: -60, -66, -73кг;

Рӯзи 2 | 13-уми Март | Якшанбе
Оғоз:  10:00 - 14:30
Марҳилаи ниҳоӣ: 17:00
Вазнҳо: -81, -90, -100, +100кг;


•    Мусобиқаи мазкур таи ду рӯз тариқи ТВ “Варзиш” мустақиман пахш мешавад.