Натиҷаҳои ҷудокорони тоҷик дар нахустин рӯзи Antalya Grand Slam 2022

Дар рӯзи якуми Antalya Grand Slam 2022, ки дар шаҳри Анталяи Туркия ҷараён дорад Тоҷикистонро се ҷудокор: Меҳрзод Суфиев (-60кг), Шаҳбоз Саидабуроров ва Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -66кг) муаррифӣ карданд.

Меҳрзод Суфиев дар нахустин рақобаташ аз Франсиско Мендези португалӣ шикаст хурд.

Final Results -60kg

1. YANG Yung Wei (TPE)
2. CHKHVIMIANI Lukhumi (GEO)
3. GARRIGOS Francisco (ESP)
3. BARATOV Dilshodbek (UZB)
5. LOPES Rodrigo Costa (POR)
5. PAPINASHVILI Jaba (GEO)
7. PANTANO Angelo (ITA)
7. KARAKIZIDI Savva (GRE)


Шаҳбоз Саидабуроров, ки  дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм муқобили Эрик Такабатаке аз Бразилия оғоз кард. Мутаассифона, Шаҳбоз дар яке аз лаҳзаҳо ба хотири дифои нораво бо сар «хансоку-маке» дарёфт карда ҳарифаш пирӯз эълон гардид.


Абубакр Шеров дар даври аввал бо ду «ваза-ари» бар Грегг Варей аз Британияи Кабир дастболо шуд.

Дар даври дуюм варзишгари Испания Адриан Нието Чинарро бо «иппон» мағлуб кард, вале, мутаассифона дар даври сеюм аз ҷудокори маъруфи Озарбойҷон – Орхан Сафаров бо дарёфти се «шидо» ноком шуд.


Final Results -66kg

1. VIERU Denis (MDA)
2. LIMA Willian (BRA)
3. FLICKER Tal (ISR)
3. NURILLAEV Sardor (UZB)
5. SAFAROV Orkhan (AZE)
5. YONDONPERENLEI Baskhuu (MGL)
7. BUNCIC Strahinja (SRB)
7. GAITERO MARTIN Alberto (ESP)


Фардо, дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг Сомон Маҳмадбеков ҳунарнамоӣ мекунад.