Дурахши Сомон Маҳмадбеков дар сарзамини ҷудо

Имрӯз, 23-юми ноябр дар доираи мусобиқаи “Osaka Grand Slam 2019” рақобатҳо дар вазни 73 ва 81 кг баргузор шуданд. Варзишгарони кишвар Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг ва Акмал Муродов дар вазни 81 кг Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ намояндагӣ карданд. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг майдондорӣ кард. Сомон дар даври аввал озод буд. Дар даври дуюм бо намояндаи   Фаронса Бенҷамин Аксус вориди татамӣ шуда, дастболо гардид. Дар даври сеюм Сомон бо варзишгари рус Евгений Прокопчук сабқат намуда, ӯро низ мағлуб намуд ва ба даври ¼ ниҳоӣ роҳхат пайдо кард. Дар ин марҳила рақиби гӯштингири тоҷик се карат қаҳрамони ҷаҳон Масаши Эбинума аз Ҷопон ба ҳисоб мерафт, ки муттаассифона аз ин рақибаш    ноком гашт. Баъдан Сомон дар даври тасаллобахш бо ҷудочии кишвари Қазоқистон Жансай Смагулов нерусанҷӣ намуда, зафар ёфт ва ҳамакнун барои ба даст овардани нишони биринҷӣ бо гӯштингирӣ ҷопонӣ Арата Татсукава қуввасанҷӣ кард. Дар ин рақобат низ Сомони дастон ҷудокори ҷопониро дучори шикаст намуда, сазовори нишони биринҷии ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ шуд. Ин медали Сомонро дар Рӯзи иди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли шаҳрвандони кишвар табрику таҳният мегуем.