Як нуқра ва ду биринҷӣ. Натиҷаҳои мусобиқаи Cadets & Juniors Asian Judo Cup Tashkent 2022

Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон (Cadets & Juniors Asian Judo Cup Tashkent 2022) ба анҷом расид. Дастаи ҷудои ҷавонони кишвар 1 нишони нуқра ва 2 нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар сабқат байни наврасон 9 нафар ҷудокори тоҷик: Икром Шамсов (-50кг), Эҳсон Сафарзода, Исмоил Холбобоев (ҳарду -55кг), дар вазни -60кг - Муҳаммадиқбол Охунзода, Ҳилол Раҳмонов, Абдулло Рустамзода, Ҳамза Шарифов (-66кг), Ҷаҳонгир Норов (-81кг) ва Абдусамад Ҷумъазода (-90кг) иштирок карда, мутаассифона, ягон медал ба даст оварда натавонистанд.

Дар зӯрозмоиҳои миёни ҷавонон Тоҷикистонро 19 нафар ҷудочӣ: -60кг: Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Абдулло Сайфуллоев, Файзулло Давлатов; -66кг: Анушервон Қувватов, Фирӯзҷони Мелибойзода, Эмомалӣ Нуралӣ; -73кг: Масъуди Аҳмадзод, Сунатулло Мусоев, Сайфиддин Боймирзоев, Абубакр Боқиев; -81кг: Муҳаммадиқбол Тошов, Сунатулло Лоиқов, Кароматулло Мирзоев, Музамир Каримзода; -90кг: Мӯҳсин Малаев, Сомонӣ Кишваров; -100кг: Мансур Раҳмон, Эмомризо Анварзода ва дар вазни +100кг Иброҳимҷон Элмуродов  муаррифӣ карда, 3 намояндаи кишвари мо сазовори нишонҳои мусобиқа шуданд.

Чемпиони Тоҷикистон дар вазни -66кг - Эмомалӣ Нуралӣ дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар ҳарифаш аз Қирғизистон – Эрбол Абасбеков пирӯз шуд.

Натиҷаҳои ниҳоӣ -66кг:
1. Азизбек Артиков (Ӯзбекистон)
2. Шохжахон Раҳимов (Ӯзбекистон)
3. Эмомалӣ Нуралӣ (Тоҷикистон)
3. Абдураҳим Нутфуллоев (Ӯзбекистон)


Масъуди Аҳмадзод (-73кг) ҳам сазовори медали биринҷии Ҷоми Осиё гашт. Ӯ дар рақобат барои медали биринҷӣ бар варзишгари дигари қиргиз - Сагиналиев Чингизхон  дастболо шуд.

Натиҷаҳои ниҳоӣ -73кг:
1. Хоҷиакбар Тошев (Ӯзбекистон)
2. Нодирбек Мавлонбердиев (Ӯзбекистон)
3. Акобир Убайдиллоев (Ӯзбекистон)
3. Масъуди Аҳмадзод (Тоҷикистон)

Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100кг то ба финал роҳ ёфт, аммо дар рақобати ҳалкунанда аз ҷудокори мизбон - Исломбек Равшанқулов шикаст хӯрд ва сазовори нишони нуқраи мусобиқа гашт.

Натиҷаҳои ниҳоӣ +100кг:
1. Исломбек Равшанқулов (Ӯзбекистон)
2. Иброҳимҷон Элмуродов (Тоҷикистон)
3. Джавохир Муродуллаев (Ӯзбекистон)
3. Каҳрамон Раҳмонов (Ӯзбекистон

Дар мусобиқа байни наврасон 312 варзишгар (233 мард ва 79 зан) аз 4 кишвари Осиё, байни ҷавонон 187 варзишгар (128 мард ва 59 зан) аз 4 кишвари қора ширкат варзиданд.