Конференсияи навбатии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор шуд

Кори конфронс аз чаҳор қисм иборат иборат буд. Дар ибтидои конфронс масъулин дар мавриди тағйироту иловаҳо даровардан ба Оинномаи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баҳсу гуфтугуҳо намуданд. Баъдан масъалаи сафарбаркунии ҷудокорони кишвар ба яке аз мусобиқаҳои қоравии дер пешистода Бозиҳои Осиё, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳангчжоуи Чин дар назар аст баррасӣ гардид.
Ҳамчунин яке аз масъалаҳои асосии конфронс баргузории 9-умин мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ба ҳисоб мерафт. Баъди баррасӣ намудани нақшаҳои дар боло зикр гардида, қисмати таҳлилу равшанӣ андозии масъалаҳои ҷории мавҷуд буда, дар кори Федератсияи Ҷудои мамлакат сурат гирифт.
Дар қисмати охир ибтидо дар мавриди уҳдадориҳои директори генералӣ сухан гуфта шуд. Қайд гардид, ки директори генералӣ дорои ваколатҳои зиёд мебошад, махсусан назорати фаъолияти ҳаррӯзаи Федератсия ва ҳамкорӣ бо гурӯҳҳо ва ташкилотҳои тамоюли варзишӣ дошта, пешбурди корҳо дар самти мубориза бо допинг ва ғайраҳо.
