LIVE: Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи аввали "Paris Grand Slam 2020"

Сомон Маҳмадбеков (-73 кг)

Даври якум: Сомон Маҳмадбеков ҷудочии Португалия – Хорхе Фернандесро бо усули “Иппон” дучори шикаст намуд.

Даври дуюм: Дар ин давр Сомон гӯштингири Белгия – Ван Тихел Дикро аз сари роҳаш дур кард. 

Даври сеюм: Маҳмадбеков дар даври сеюм паҳлавони Черногория – Никола Гардасевичро шикаст дод.

Даври чорумҲамин тавр Маҳмадбеков дар даври чорум Моҳелддин Муҳаммади мисриро аз сари роҳаш дур кард.  

Даври панҷум: Дар даври 1/4 ниҳоӣ Сомон аз Самангулов Жансайи қазоқ шикаст шуд.  

Даври тасаллибахш: Дар даври мазкур Сомон аз Тураев Ҳикматулло (Ӯзбекистон) мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб шуд.

Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг)
 
Даври дуюм: Дар даври мазкур Хоҷазода намояндаи кишвари Самоа – Таи Тин Виллиамро шикаст дод. 

Даври сеюм: Дар даври сеюм Хоҷазода  варзишгари мизбон – Тео Рикуинро бо усули "Иппон" мағлуб кард.

Даври чорум: Хоҷазода дав даври мазкур намояндаи Олмон - Шамил Ҷавбатровро аз сари роҳаш дур кард.

Даври панҷум: Дар даври 5-ум Беҳрӯз Хоҷазода аз ҷудочии қаввии кишвари Ҷопон - Соичи Ҳашимато шикаст хурд.

Даври тасаллибахш: Ҳамин тавр Беҳрӯз Хоҷазода  дар даври тасаллибахш аз рақиби ҷопониаш дучори шикаст шуда, рақобати худро дар ин мусобиқа ба анҷом дод.