Мақоми ҳафтуми Маҷидов дар Гран-прии Загреб 2022

Дар пойтахти Хорватия – шаҳри Загреб мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2022 ҷараён дорад. Мутаассифона, ин мусобиқа ҳам барои ҷудочиёни кишвар бидуни медал ба анҷом расид.

Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг) рақобатро аз даври дуюм муқобили Якоб Мор аз ИМА оғоз кард. Маҳмадизода варзишгари амрикоиро бо “ваза-ари” шикаст дод ва даври навбатӣ роҳ ёфт.

Дар даври сеюм аз ҷудокори ботаҷрибаи Ҷопон – Генки Кога ноком шуд ва аз идомаи сабқат бенасиб монд.

Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), ба рақобат аз даври дуюм пардохт. Мутаассифона Қувватов аз ҷудочии гурҷӣ - Қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон 2021 – Гиорги Сардалашвили ноком шуд.

Final Results -60KG

1. SHAMSHADIN Magzhan (KAZ)
2. KIM Won Jin (KOR)
3. KOGA Genki (JPN)
3. SARDALASHVILI Giorgi (GEO)
5. MERLIN Maxime (FRA)
5. GARRIGOS Francisco (ESP)
7. ENKHTAIVAN Ariunbold (MGL)
7. JUMAYEV Hakberdi (TKM)


Алиҷон Сафаралиев (-66кг) дар нахустин қувваозмоияш аз Страхиня Бунчич (Сербия) шикаст хурд.

Шаҳбоз Саидабуроров (-66кг), нерусанҷиро аз даври дуюм бар зидди Майкл Фрайер аз Бритониёи Кабир шурӯъ кард. Саидабуроров дар сонияҳои охири рақобат тавонист имтиёзи “ваза-ари” ба даст орад ва онро то охир ҳифз ва ғолиби ин рақобат гардад.

Мутаассифона, дар даври сеюм аз Ҷе-Ҳон АН-и кореягӣ бо дарёфти се “шидо” мағлуб дониста шуд.

Final Results -66KG

1. NAJAFOV Yashar (AZE)
2. PIRAS Matteo (ITA)
3. BAYANMUNKH Narmandakh (MGL)
3. VERHORSTERT Ivo (NED)
5. GERCHEV Yanislav (BUL)
5. BORS DUMITRESCU Lucian (ROU)
7. AN Jaehong (KOR)
7. SMETOV Yeldos (KAZ)


Каримзода Наврӯз (-73кг) ва Шодмон Ризоев (-81кг) дар нахустин рақобаташон аз ҷудокорони Полша – Ксавери Морка ва Себастян Мартсинкевич бо гирифтани се танбеҳ ноком шуданд.

Final Results -73KG

1. LOMBARDO Manuel (ITA)
2. ESTRADA Magdiel (CUB)
3. CARGNIN Daniel (BRA)
3. LEE Eunkyul (KOR)
5. MEDEIROS Pedro (BRA)
5. HOJAK Martin (SLO)
7. LE BLOUCH Kilian (FRA)
7. UMAYEV Abdul Malik (BEL)


Final Results -81KG

1. DJALO Alpha Oumar (FRA)
2. MOLLAEI Saeid (AZE)
3. GRIGALASHVILI Tato (GEO)
3. FERNANDO Joao (POR)
5. SCHIMIDT Guilherme (BRA)
5. MOUTII Achraf (MAR)
7. TCKAEV Zelim (AZE)
7. MARCINKIEWICZ Sebastian (POL)


Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм бо намояндаи Латвия - Алексей Зарудневс нерусанҷӣ кард. Варзишгари латвиягӣ ба хотири камфаолӣ бо дарёфти се танбеҳ мағлуб дониста шуд.

Дар даври сеюм Маҷидов бо ҷудокори маъруфи сербӣ – Неманя Майдов қувваозмоӣ анҷом дод. Дар вақти асосӣ ҷудочиён ғолибро муайян карда натавонистанд ва кор ба «голден скор» кашида шуд. Дар вақти тиллоӣ Ҷаҳонгир бо иҷрои «косото гакэ» бар рақибаш пирӯз шуд ва ба чорякниҳоӣ роҳ ёфт.


Мутаассифона, Маҷидов дар чорякниҳоӣ аз ҷудочии пурқуввати Бразилия – Рафаэл Маседо ва дар даври тассалобахш аз Қаҳрамони ҷаҳон-2019 Ноэл Ван`т Энд (Ҳолланд) ноком ва аз ҳаққи мубориза барои нишонҳои мусобиқа маҳрум шуд.

Final Results -90KG

1. GVINIASHVILI Beka (GEO)
2. MACEDO Rafael (BRA)
3. NAGASAWA Kenta (JPN)
3. TRIPPEL Eduard (GER)
5. VAN T END Noel (NED)
5. DAMIER Francis (FRA)
7. MADZHIDOV Dzhakhongir (TJK)
7. SILVA MORALES Ivan Felipe (CUB)


Зимнан ҷудокорони кишвар ба Қаҳрамонии Осиё байни бузургсолон (Asian Senior Championships 2022), ки аз 4-ум то 7-уми август дар пойхтахти Қазоқистон - шаҳри Нур-Султон баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

Инчунин, рӯзҳои 20-21 июл ҳайати дастаи ҷавонон иборат аз Суруш Эркаев (-60кг), Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду -81кг) дар Қаҳрамонии Осиё байни ҷавонон дар шаҳри Бангкоки Тайланд ҳунарнамоӣ мекунанд.